Октябр 06, 2019 15:11 Asia/Dushanbe
  • Эрон - пешрав дар масири тавсеаи санъат ва улуми фазоӣ

Ҳафтаи ҷаҳонии Фазо рӯзи шанбе, тайи маросиме дар Вазорати иртибототи Эрон, бо таъкид бар шиори “Тавсеаи фанноварии фазоӣ” оғоз шуд.

Муҳаммадҷавод Озарии Ҷаҳрамӣ, вазири иртиботот ва фанноварии иттилоот дар маросими оғози ҳафтаи ҷаҳонии Фазо, бар зарурати барномарезӣ барои эъзоми фазонаварди эронӣ таъкид ва эълом кард, ки то соли 1400 моҳворае бо диққати тасвирбардории як метр дар мадор қарор хоҳем дод.

Эрон акнун дар масири “Тавсеаи корбурдҳои фазоӣ” гом ниҳода ва мусаммам аст бо истифода аз донишу тахассуси бумӣ, саҳм худро аз фазо бо истифода аз ин санъати арзишманд ба даст оварад.

Ба гуфтаи Ҳусайни Самимӣ, раиси пажӯҳишгоҳи фазоӣ, моҳвораи “Ноҳид 1” таҳвил дода шуда ва моҳвораи “Порс 1” то интиҳои сол такмил мешавад.

Агарчӣ имрӯз дар риштаҳои навине монанди улуми фазоӣ, дониши ҳастаӣ, ҳуҷайраҳои бунёдӣ ва фанноварии нано шоҳиди инҳисоргароии кишварҳои бузург ҳастем, аммо лозимаи пешрафт дар ин арсаҳо шикастани ҳисорҳост.

Аз ин дидгоҳ, ҳафтаи Фазо фурсате барои андешидан ба яке аз риштаҳои муҳими улум ва фанноварии навини ҷаҳон аст.

Америко бо таҳрими маҷмӯаҳо ва ниҳодҳои донишбунёни Эрон дар улуми фазоӣ низ талош кард, ки ба гумони худ монеъ аз пешрафти Эрон шавад, аммо донишмандони эронӣ дар ин санъат нишон доданд, ки таҳримҳои Амрикоро ба фурсат барои пешрафт табдил кардаанд.

Дар ҳафтаи ҷаҳонии Фазо 76 рӯйдод баргузор мешавад, ки ин мавзуъ баёнгари таҳарруке аст, ки дар ин ҳавза ба вуҷуд омадааст. Он гуна ки Муҳаммадҷавод Озарии Ҷаҳрамӣ, вазири иртиботот ва фанноварӣ эълом кард, Эрон то соли 1400 моҳворае бо диққати тасвирбардории як метр дар мадор қарор хоҳад дод.

Эрон акнун дар ҳоли сохти моҳвораҳои 150 то 200 килограмм аст ва тавоноии сохти моҳвораҳое бо маъмурияти санҷиш аз дур ва мухобиротиро доро аст. Ин пешрафт ва тавонмандиҳо баёнгари тавсеаи зерсохтҳои тарроҳишуда тавассути донишмандони санъати фазоӣ дар Эрон аст.

Муртазо Барорӣ, раиси Созмони фазоии Эрон дар маросими ифтитоҳияи ҳафтаи ҷаҳонии Фазо гуфт, барои соли оянда ҳам сохти ду моҳвораро дар дастури кор дорем.

Истифодаи саҳеҳ ва мунсифона аз дониши улумшинохтӣ ҳаққи ҳамаи кишварҳо аст ва аз ин улум бояд дар ҳавзаҳои санъатӣ,кишоварзӣ, маодин, пизишкӣ ва пешбинии шароити обуҳавоӣ, тағйироти ҷавви ва вуқӯи селобу тӯфон истифода кард.

Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти ин санъат, рақобати танготанге миёни кишварҳо вуҷуд дорад то бо иртиқои зерсохтҳои нарму сахтафзорӣ, рутбаи болотаре дар санъати фазоӣ ба даст оваранд.

Бар асоси тозатарин гузориши созмони ҷаҳонии фазоӣ, дар миёни шохисҳои тавсеаи донишу фанноварӣ ва иқдомоти халлоқона, имтиёзи Эрон ба тартиб баробар бо 27.2 ва 32.5 аст, ки радаҳои 46 ва 45 ҷаҳонро барои кишвар ба армуғон овардааст.

Гузориши Созмони моликияти маънавӣ низ ҳокист, ки Эрон бо чаҳор пилла сууд, дар радаи шастуякуми кишварҳои навовари ҷаҳон ва радаи дувуми Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ қарор гирифтааст.

Партоби чандин моҳвора бо сарнишин ва бидуни сарнишин ба фазо аз мавориде ҳастанд, ки касби рутбаи ҳафтуми ҷаҳон дар сомонаи комили партоби моҳвора ва рутбаи дувоздаҳуми ҷаҳон дар тарроҳӣ ва сохти моҳвораро барои ёздаҳумин узви бошгоҳи фазоии ҷаҳон, яъне Эрон ба армуғон овардааст. Ин шохисҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барномаҳои тавсеаи илмӣ ва фанноварии худро бо ҷиддият ба пеш мебарад ва авлавияти вижае низ барои тавсеаи санъати ҳавову фазо қоил аст.