Эрон бузургтарин тавлидкунандаи оҳани исфанҷии ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47351-Эрон_бузургтарин_тавлидкунандаи_оҳани_исфанҷии_ҷаҳон
Мудири аршади ширкати эронии “Фӯлоди муборака” -и Исфаҳон гуфт, ин ширкат ба унвони бузургтарин ширкати фӯлодсози Эрон, бузургтарин тавлидкунандаи оҳани исфанҷӣ дар ҷаҳон аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 07, 2019 09:16 Asia/Dushanbe
  • Эрон бузургтарин тавлидкунандаи оҳани исфанҷии ҷаҳон

Мудири аршади ширкати эронии “Фӯлоди муборака” -и Исфаҳон гуфт, ин ширкат ба унвони бузургтарин ширкати фӯлодсози Эрон, бузургтарин тавлидкунандаи оҳани исфанҷӣ дар ҷаҳон аст.

Сайидрасули Мусавӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Эрон Пресс” афзуд, ширкати “Фӯлоди муборака” ҳамакнун 12 миллион тон зарфияти тавлиди оҳани исфанҷӣ дорад.

Мудири ширкати “Фӯлоди муборака”-и Исфаҳон таъкид кард, ин ширкат ҳамчунин ба унвони бузургтарин ширкати тавлидкунандаи фӯлод дар Эрон ва минтақаи Ховари Миёна, бо зарфияти тавлиди 9 миллион тон фӯлод, 50 дарсад ниёзи Эронро ба ин филизи сангин таъмин мекунад.

Мусавӣ афзуд, 65 дарсади содироти “Фӯлоди муборака” ба кишварҳои аврупоӣ аст ва кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ҳам дар радаҳои баъдии содирот қарор доранд.