Таъкиди Эрон бар лузуми таваққуфи ҳамалоти Туркия ба хоки Сурия
Вазорати умури хориҷаи Эрон бар лузуми таваққуфи фаврии ҳамалот ва хурӯҷи низомиёни Туркия аз хоки Сурия, зимни дарки нигарониҳои амниятии Туркия таъкид кард.
Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар баёнияе бо ибрози нигаронӣ аз иқдоми низомии Туркия дар дохили арозии Сурия, тасреҳ кард, иқдоми низомӣ натанҳо омиле барои бартарафсозии нигарониҳои амниятии Туркия нест, балки мунҷар ба ворид омадани хисороти моддӣ ва инсонии густурда мешавад ва бар ин асос Эрон мухолифати худро бо ин иқдом эълом мекунад.
Вазорати умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки шароити кунунии минтақа, натиҷаи дахолатҳои фаромитақавӣ хусусан аз сӯи Амрико аст, тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси нигоҳи мубтанӣ бар ҳаллу фасли мушкилот дар чорчӯби зарфиятҳои минтақаӣ, омодагии худро барои ҳар гуна ифои нақш байни Туркия ва Сурия, ҳамонгуна, ки дар ҳоли ҳозир низ бо ду тараф дар тамос аст, эълом мекунад.
Дар ин баёния омадааст, рафъи таниши пеш омада танҳо аз тариқи иқдомоти мусоламатомез ва бо эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Сурия ва низ тавофуқи Одоно имконпазир аст.
Туркия ва Сурия дар соли 1998 бо афзоиши фаъолиятҳои сиёсӣ, низомӣ ва созмондеҳии Ҳизби коргарони Курдистони Туркия мавсум ба «П.К.К» дар шимоли Сурия, «тавофуқномаи Одоно»-ро барои ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, имзо карданд.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия рӯзи гузашта (чаҳоршанбе) расман дастури ҳамла ба манотиқи шимолии Сурияро содир кард.
Туркия ҳадаф аз ин таҳоҷумро ҳамла ба «ягонҳои мудофеи халқ» мавсум ба «И.П.Г» ва Ҳизби коргарони Курдистон мавсум ба «П.К.К» ва ДИИШ эълом кардааст.
Ба гуфтаИ бархе манобеъ, ин даргириҳо токунун 15 кушта ва беш аз 40 захмӣ бар ҷой гузоштааст.