Равобити гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Дания
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i117752-Равобити_гурӯҳҳои_дӯстии_байнипарлумонӣ_байни_Тоҷикистон_ва_Дания
Равобит байни гуруҳҳои дӯстии байнипорлумонӣ байни Тоҷикистону Дания фаъол хоҳад шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 30, 2024 10:19 Asia/Dushanbe
  • Равобити гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Дания

Равобит байни гуруҳҳои дӯстии байнипорлумонӣ байни Тоҷикистону Дания фаъол хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28 октсябр бо ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Дания мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо зарурати фаъол намудани робитаи гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъкид намуданд.

Зимни мулоқот доираи васеи ҳамкории мамлакат бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо таваҷҷуҳ ба се ченаки ҳамкорӣ: низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳои муҳимми қонунгузориро, ки ба амнияти обу энергетика ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат мекунанд, муҳокима намуданд.