Додгоҳи Ню-Йорк ҳукми мусодираи дороии Эронро лағв кард
(last modified Thu, 21 Jul 2016 12:17:53 GMT )
Июл 21, 2016 17:17 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи Ню-Йорк ҳукми мусодираи дороии Эронро лағв кард

Додгоҳи таҷдиди назари минтақаи Манҳеттени Ню-Йорк ҳукми як додгоҳи федаралиро мабнӣ бар мусодира ва фурӯши бахше аз амволи Эрон ба нафъи хонаводаҳои қурбониёни 11 сентябр лағв кардааст.

Ба гузориши "Пресс ТВ", додгоҳ рӯзи чаҳоршанбе баргузор шуд ва ҳукми қозии пешинро, ки хостори фурӯши бурҷи 36-табақии Бунёди алавӣ, ширкати ОСО дар Манҳеттен ва дигар моликияти ин бунёд шуда буд, рад кард.

Бар асоси ҳукми додгоҳи пешин, қарор буд, ин бурҷ, ки ҳудуди 1 миллиард доллар арзиш дорад, ҳамроҳ бо дигар моликияташ фурӯхта шуда, даромади он дар миёни 19 хонаводаи қурбонии ҳамалоти 11 сентябри соли 2001 ва ҳамалоти мушобеҳ тақсим шавад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Амрико террористҳои "ал-Қоида"-ро масъул ҳамалоте медонанд, ки дар он таърих бурҷи давлатии Маркази тиҷорати ҷаҳониро дар шаҳри Ню-Йорк ҳадаф қарор доданд. Омилони ин ҳамла, дар маҷмӯъ, 19 нафар буданд, ки 15 нафари онҳо шаҳрванди Арабистони Саудӣ, 2 нафараш шаҳрванди Иморот, як тани онҳо мисрӣ ва яке  дигар шаҳрванди Лубнон буд.

Қозии пешини ин парванда дар соли 2013 иддао карда буд, ки даромади аз фурӯши ин бурҷ бадастомада бо нақзи таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон  аз тариқи Бонки миллӣ дар ихтиёри давлати Эрон қарор гирифтааст, аммо додгоҳи таҷдиди назар ин иддаоро рад кард ва гуфт, мавзӯи контроли давлатии Эрон ба амвол ва даромадҳои Бунёди алавиро намепазирад.

Моҳи ноябри соли 2009 Додситони Федералии Амрико дороии Бунёди алавиро ба иттиҳоми иртибот бо давлати Эрон ва ба истинод ба нақзи таҳримҳои тиҷории Иёлоти Муттаҳида алайҳи Теҳрон мусодира кард. Дорои Бунёди алавӣ дар Амрико шомили бурҷи ОСО дар Манҳеттен ва марокизи исломии муташаккил аз мадорис ва масоҷид дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Мэриленд, Калифорния, Техас ва Вирҷиния аст. Дар тӯли даҳҳаҳои гузашта Бунёди алавӣ илова ба фаъолият ҷиҳати густариши фарҳанги эронӣ-исломӣ дар Амрико миллионҳо доллар низ ба мадорис, донишгоҳҳо ва созмонҳои хайрия дар ин кишвар кӯмак кардааст.