Октябр 13, 2019 15:24 Asia/Dushanbe
  • Сафари нахуствазири Покистон ба Теҳрон; Гуфтугӯ дар бораи таҳаввулоти минтақа

Имрон Хон, нахуствазири Покистон имрӯз (якшанбе) дар Теҳрон бо мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва дар бораи охирину муҳимтарин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар хоҳад кард.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар хусуси гузориши бархе манобеъ, ки Имрон Хон ба унвони миёнҷӣ миёни Эрон ва Арабистон ба Теҳрон меояд, изҳор дошт, то ин лаҳза мавзӯи миёнҷигарӣ матраҳ нест.

Эрон ва Покистон бо таваҷҷуҳ ба марзи тӯлонӣ, фарҳангу таърихи муштарак, заминаҳои мутанаввеъ барои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф доранд. Дар сафари моҳи апрели Имрон Хон ба Теҳрон тавофуқҳои муҳиме дар музокироти ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар ба даст омад, ки муносиботи Теҳрон ва Исломободро вориди марҳалаи тозае кард.

Эрон ва Покистон ба унвони кишварҳои бунёнгузори Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) ва аз аъзои фаъол дар Созмони Ҳамкории Кишварҳои Исломӣ, аз мавқеияти хубе барои ҳамкорӣ дар арсаи сиёсиву амниятӣ ва ҳамчунин дар арсаи иқтисодиву тиҷорӣ бархурдоранд. Эрон ва Покистон мусаммам ба тавсеаи равобит ҳастанд ва бо ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ метавонанд марзҳои ду кишварро ба арсаи табодулоти судманд ва ба нафъи ду миллат ва дигар кишварҳои минтақа табдил кунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ моҳи апрели гузашта дар дидори нахуствазири Покистон дар Теҳрон таъкид карданд, иртиботи миллатҳои Эрон ва Покистон иртиботе қалбӣ ва амиқ аст ва равобити Эрон ва Покистон бар хилофи майли душманони он, бояд тақвият шавад.

Гомҳои мутақобили Эрон ва Покистон дар ин замина паёми равшане дорад ва нишон медиҳад, ки равобити Эрон ва Покистон дар масири рӯ ба тавсеа қарор гирифтааст.

Абдулмуҳаммади Тоҳирӣ, коршиноси масоили сиёсӣ дар арзёбии равобити Теҳрон ва Исломобод мегӯяд: “... Исломобод тамоюл дорад, ки бо афзоиши муносиботи тиҷорӣ бо ҳамсоягонаш, равобит ва ҷойгоҳи иқтисодии худро иртиқо бибахшад. Ба хусус ин ки Эрон ҳамвора дар масъалаи амният ва иқтисод пешгом буда ва назароти мусбате доштааст”.

Бо ин ҳол дар шароити кунунӣ, ки минтақа бо вазъияти печидае мувоҷеҳ шуда ва иқдомоти Амрико таҳдидҳои ҷиддиро дар минтақа эҷод кардааст, ройзаниҳои минтақаӣ аҳамияти бештаре ёфтааст. Нозирони сиёсӣ муътақиданд, бо таваҷҷуҳ ба абзорҳои геополотикӣ ва геостратегӣ, манофеи Эрон ва Покистон дар ҳам гиреҳ хӯрдааст. Аз ин рӯ, ройзаниҳои мақомҳои ду кишвар дар ин чорчӯб ҳоизи аҳамият аст.

Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар сафари ахири худ ба Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милал дар гуфтугӯ бо як шабакаи амрикоӣ гуфт, ҳар гуна рӯёрӯӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа ҳаргиз дар ростои манофеи ҷаҳон нахоҳад буд.

Имрон Хон ҳушдор дод, ҷанг бо Эрон бисёр печида хоҳад буд ва ҳеҷ кас қодир ба пешбинии табаот ва абъоди он низ нахоҳад буд.

Он чӣ мусаллам аст, бесуботӣ дар минтақа ба суди ҳеҷ кишваре нест. Табиист, ки бо нигоҳ ба таҳаввулоти амниятии минтақа, Исломобод ба далоили зиёде ба дунболи коҳиши таниш дар минтақаи халиҷи Форс, тангаи Ҳурмуз ва дарёи Уммон аст. Акнун на фақат Эрон ва Покистон ба унвони ду кишвари ҳамсоя, балки ҳамаи кишварҳои минтақа ниёз аст, ки барои ҳифзи амнияти ҷамъӣ бо якдигар таомул ва дар ҷиҳати рафъи танишҳо ва эътимодсозӣ ва муқобила бо ҷараёнҳои барҳамзанандаи субот ва амнияти ҷамъӣ дар минтақа гуфтугӯ кунанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин чорчӯб ҳамвора муътақид ба ҳусни ҳамҷаворӣ ва талоши ҳаддиаксарӣ барои доштани беҳтарин равобит бо ҳамаи ҳамсоягон буда ва тақвияти равобит бо кишварҳои минтақаро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор додааст. Музокирот ва дидорҳои имрӯзи нахуствазири Покистон дар Теҳрон аз ин дидгоҳ метавонад ба тафоҳуми бештар дар заминаи масоили минтақа кумак кунад.