Аёдати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз ҳазрати оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
(last modified Mon, 14 Oct 2019 11:49:44 GMT )
Октябр 14, 2019 16:49 Asia/Dushanbe
  •  Аёдати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз ҳазрати оятуллоҳ Макорими Шерозӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (душанбе) аз ҳазрати оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ дар яке аз бемористонҳои Теҳрон аёдат карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин аёдат, дар ҷараёни раванди дармони ҳазрати оятуллоҳ Макорими Шерозӣ қарор гирифтанд ва гуфтанд, вуҷуди ҷаноби олӣ барои мардум ва ҳавзаҳои илмия бисёр бобаракат аст ва аз Худованди мутаол саломатӣ ва офияти комили шуморо масъалат мекунем.

Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ - аз мароҷеи тақлиди шиаён, бино бар тавсияи пизишкон барои анҷоми бархе аз умури дармонӣ дар яке аз бемористонҳои Теҳрон ба сар мебарад.