Рунамоӣ аз ҷети омӯзишии тамомэронии Ёсин
Ҷети омӯзишии тамомэронии Ёсин субҳи имрӯз бо ҳузури вазири дифоъ дар пойгоҳи Шаҳид Нужаи Ҳамадон рӯнамоӣ ва амалиётӣ шуд.
Дар маросим, Амири Ҳотамӣ вазири дифоъ, амири сартип халабон Азиз Насирзода фармондеҳи нерӯи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ва Сурно Сатторӣ муовини илмӣ ва технологии раиси ҷумҳур ҳузур доштанд.
Ба нақл аз Форс, ин ҳавопаймои омӯзишии модуни савт пас аз гузарондани марҳилаҳои тести ниҳоӣ бо дастури фармондеҳи нерӯи ҳавоии артиш нахустин парвози расмии худро бар фарози пойгоҳи шаҳид Нужаи Ҳамадон иҷро кард.
Ин ҷети омӯзишӣ ба дасти тавонманди мутахассисони Вазорати дифоъ ва ҳамкории нерӯи ҳавоии артиш тарроҳӣ ва сохта шудааст.
Ҷети омӯзиши пешрафтаи тамомэронии Ёсин дорои 12 метр тул, 4 метр иртифоъ ва 5.5 тон вазн бидуни бор дар шароити бархости амалиётӣ аст ва метавонад то сақфи 12 километр ба парвоз дарояд.
Боли ин ҳавопаймо бо беш аз 10 метр тул ва 24 метри мураббаъ масоҳат ба шакле тарроҳӣ шудааст, то ин ҳавопаймо битавонад бо ҳади ақал суръати 200 километр бар соат дар дастаи беҳтарин ҳавопаймоҳои омӯзишии дунё дар нишаст ва бархост қарор гирад ва суръати худро дар сатҳи дарё ба суръат зери савт бирасонад.
Вуҷуди як болаи уфуқии комилан чархон дар думи ин ҳавопаймо маҳдудияти халабонро барои анҷоми мановрҳои мухталиф ва ба хусус хуруҷ аз ҳолати спин ё суқути даваронӣ бартараф мекунад.
Ҷети омӯзишии пешрафтаи Ёсин аз ду матори турбои ҷет бо қудрати рониши 7 ҳазор понд баҳра мебарад, ки аз назари қудрат дар радаи матори ҳавопаймоҳои ҷангандаи дунё аст.