Хатиби намозиҷумъаи Теҳрон; Роҳпаймоии арбаъийн ба кобуси душманон табдил шудааст
(last modified Fri, 18 Oct 2019 12:41:04 GMT )
Октябр 18, 2019 17:41 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намозиҷумъаи Теҳрон; Роҳпаймоии арбаъийн ба кобуси душманон табдил шудааст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон роҳпаймоии арбаъийни Ҳусейнӣ (а) ро сафбандии озодихоҳони ҷаҳон дар баробари душманон унвон кард ва гуфт; роҳпаймоии арбаъийн ба кобуси душманон табдил шудааст.

Ҳуҷатулислом Муҳаммадҷавод Ҳоҷи Али Акбарӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон,бо қадрдонӣ аз талошҳои давлат ва мардуми Ироқ дар баргузории бошукӯҳи маросими арбаъийни  Ҳусейнӣ (а) афзуд; вақте 30 миллион нафар бо фарёди Лабайк ё Ҳусейн (а) дар роҳпаймоии арбаъийн қарор мегиранд, ин иқдом ларза бар андоми мустакбирон меандозад.

Ҳуҷатулислом Ҳоҷи Али Акбарӣ таъкид кард; арбаъийни Ҳусейнӣ (а) як шитобдиҳандаи фавқулода дар  уфули истикбори ҷаҳонӣ аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин,ки, мантиқи арбаъийни Ҳусейнӣ (а) исломро пирӯз хоҳад кард гуфт; мантиқи арбаъийни Ҳусейнӣ (а) муқовимат, умед, истодагии хастагинопазир, фатҳи ҳамаҷониба, марзбандӣ бо душман, натарсидан ва меҳрварзии ошиқона бо инсонҳо.

20 уми сафари 1441 ҳиҷрии қамарии (19 октиябри 2019 ), арбаъийн шаҳодати ҳазрати имом Ҳусейн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст.Шумори зиёде аз мусалмонон ва пайравони адёни иллоҳии дигар, аз чанд рӯз монда ба арбаъийни шаҳодати ҳазрати имом Ҳусейн (а) имоми севвуми мусалмонони ҷаҳон, бо пиёдаравии масири ҳудуди 80 километрӣ аз шаҳри Наҷаф то Карбалло, худро ба марқади муттаҳари эшон дар Карбалои муало мерасонанд.

Тибқи омори расмии манбаъҳои ироқӣ, ҳудуди 14 миллион зоир соли гузашта дар пиёдаравии арбаъийни Ҳусейнӣ (а) ,ки бузургтарин гирдиҳамоии солонаи мазҳабӣ дар  ҷаҳон аст, ширкат карданд.

 

Барчасп