Октябр 20, 2019 16:26 Asia/Dushanbe
  • Пиёдаравии “Арбаини ҳусайнӣ”- таҷаммӯе дар ростои озодихоҳӣ

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар ҳошияи боздид аз мавкибҳо (истгоҳҳои пазироии зоирон)-и мустақар дар поёнаи марзии Чазоба (ҷанубу ғарби Эрон) дар ҷамъи хабарнигорон пиёдаравии “Арбаини ҳусайнӣ”-ро меҳваре барои озодихоҳӣ, дифоъ аз мардуми Фаластин ва таҷаммӯи зиддисаҳюнистӣ донист. Шамхонӣ афзуд, дар “Арбаин”-и имсол миллионҳо зоир аз Эрон ва соири кишварҳо дар ин ҳамоиши бузург бар бархурдорӣ аз амният дар Эрону Ироқ ҳузур пайдо карданд.

Роҳпаймои бузурги “Арбаин” оинии саршор аз арзишҳои маънавӣ, боварҳои динӣ ва дар айни ҳол ҳамроҳ бо паёмҳои ҷаҳонӣ аст. Дар роҳпаймоии “Арбаин” бисёре аз хусусиёти истисноӣ ва арзишҳои нобе монанди исор ва фидокории муъмин нисбат ба якдигару ҷилваҳои камназире аз меҳмоннавозӣ машҳуд аст. Дар шароите ки минтақа дар ҳоли гузор аз таҳаввулоти сиёсии ҳассос аст, “Арбаин” фурсате барои ҷаҳонисозии аҳдофи қиёми “Ошуро” бо меҳварияти зулмситезӣ ва истодан дар муқобили золимон аст. Ҳузури пайравони адиёни дигар, аз ҷумла масеҳиён ва калимиён байни анбуҳи зоирони “Арбаин” низ шоҳидӣ бар ин ҳақиқат аст, ки роҳу андешаи озодихоҳӣ ва адолатҷӯии Имом Ҳусейн (а) мухтаси шиа ва мусалмонон нест.

Алии Шамхонӣ таъкид кард, “Арбаини ҳусайнӣ” ва истиқболи мардум аз ин ҳаракати азим нишондиҳандаи он аст, ки рисолати фарҳангии “Арбаин” фақат дар Карбало нест. Оятуллоҳ Муҳсин Ғаруён, устоди барҷастаи ҳавзаи илмияи Қум дар бораи аҳамият ва ҷойгоҳи роҳпаймоии бузурги “Арбаин” мегӯяд: “Дар муодилоти ҷаҳонӣ ин иҷтимои азими азодорони ҳусайнӣ бисёр қобили таваҷҷуҳ буда ва паёмҳои муҳиме дар сатҳи байналмилалӣ дорад, чаро ки таҳлилгарони сиёсии дунё мефаҳманд, ки вақте ишқи Абоабдуллоҳ (а) метавонад чунин ҷамъиятеро ҷамъ кунад, агар иттифоқе биафтад, бори дигар ҳамин ҷамъият дар саҳна ҳузур ёфта, муодилоти моддиро ба ҳам мезананд”.  Аз ин дидгоҳ роҳпаймои “Арбаин” илова бар арзишҳои динӣ ва маънавӣ бо таъсироти амиқи сиёсӣ-иҷтимоӣ ҳамроҳ аст. Ин роҳпаймоӣ бо бархурдорӣ аз пайванди таърихӣ акнун ба гуфтумони муштараки миёни мусалмонон табдил шуда, ки як сармояи иҷтимоӣ ва дар ҳақиқат, таҷаллии қудрати нарми мусалмонон маҳсуб мешавад.

Аз нигоҳи Амил Дуркем, ҷомеашиноси барҷастаи фаронсавӣ, он чӣ ҷомеаро сари по нигаҳ медорад, эҳсоси ҳамбастагӣ миёни аъзои он аст. Дуркем бар ин бовар аст, «ҳеҷ ҷомеае вуҷуд надорад, ки лозим надонад, дар фавосили муназзами замонӣ эҳсосот ва ормонҳои ҷамъеро ба аломати ҳифзи онҳо ва тасдиқи дубораи онҳо ба намоиш бигузорад, зеро инҳо ҳастанд, ки аносири созандаи ваҳдат ва шахсияти як ҷомеаро ташкил медиҳанд». Бинобар ин ин иҷтимои азим акнун тавонистааст таъсиргузории худро дар сатҳи болое аз ваҳдат ва иттиҳод исбот кунад ва ҳувияти муштаракеро дар иҷтимои миллионии манотиқи мухталифи ҷаҳон пуррангу барҷаста созад. Албатта, дар канори ин фурсатҳо таҳдидҳое низ мутаваҷҷеҳи ин маросим азим будааст. Ноамнӣ ва иқдомоти террористӣ ва нуфузи ҷараёнҳои бегона аз аносире ҳастанд, ки дар садади ноамн кардани ин ҳаракати азим ҳастанд, то муҷиби тазъифи арзишҳои он шаванд. Ин роҳпаймоӣ ҳатто дар шароити таҳдид ва хатар ва бо вуҷуди сахтиҳо ва камбудҳо бо ишқу майли дарунӣ ва худҷӯши зоирон дар авҷи шукӯҳу азамати худ баргузор шудааст. Таҷрибаи имсол ва соли ахир дар баргузории бо шукӯҳи ин роҳпаймоӣ низ ҳокӣ аз рушд ва такомули ин арзишҳост.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ дар баёноте дар маросими солонаи донишомӯхтагии донишҷӯёни Донишгоҳи афсарӣ ва тарбияти посдории Имом Ҳусейн (а) “Арбаин”-ро аз аввалин зуҳураш дар таърихи Ислом «расонаи пурқудрати “Ошуро» донистанд ва бо таъкид бар густариш ва таъмиқи рӯзафзуни маънавият ва фикру маърифат дар роҳпаймои “Арбаини ҳусайнӣ” афзуданд, асҳоби ҳикмат ва илм бояд дар ин замина кору талош кунанд.

 

Барчасп