Оли Ҳабиб: якҷонибагароии Амрико тавофуқоти байналмиллалиро тазъиф кардааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47774-Оли_Ҳабиб_якҷонибагароии_Амрико_тавофуқоти_байналмиллалиро_тазъиф_кардааст
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид гуфт, якҷонибагароии Амрико дар ҷомеаҳои байналмиллалӣ муҷиби тазъифи тавофуқоти байналмиллалӣ шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 22, 2019 11:18 Asia/Dushanbe
  • Оли Ҳабиб: якҷонибагароии Амрико тавофуқоти байналмиллалиро тазъиф кардааст

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид гуфт, якҷонибагароии Амрико дар ҷомеаҳои байналмиллалӣ муҷиби тазъифи тавофуқоти байналмиллалӣ шудааст.

Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исҳоқ Оли Ҳабиб дар нишасти Кумитаи чаҳоруми Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ҳушдор дод иқдомоти якҷонибаи шармовари давлати Амрико дар сатҳи байналмиллалӣ метавонад бо авоқиби азиме барои сулҳ, амният ва тавсеаи байналмиллалӣ ҳамроҳ шавад.

Оли Ҳабиб дар ин нишаст аз Маркази иртибототи ҷаҳонӣ хост дар ҷиҳати афзоиши огоҳии ҷомеаи байналмиллалӣ дар мавриди таъсири манфии иқдомоти қаҳрияи якҷониба бар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои ҳадаф мушорикат кунад.

Сафири Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчунин хостори иртиқои ҳамаи ташаббусҳо бо ҳадафи ҳифз ва тарвиҷи сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ шуд ва хотирнишон кард, намояндагии Эрон бар аҳамияти иртиқои ташаббусҳое ҳамчун "Ҷаҳон алайҳи хушунат ва ифротгароӣ" (WAVE) ва "Гуфтугӯи тамаддунҳо" таъкид дорад.

Исҳоқ Оли Ҳабиб дар идома бо ишора ба масъалаи Фаластин гуфт, Эрон ҳамчунон таъкид мекунад, ки Созмони Милали Муттаҳид масъулияти муҳимеро дар баробари масъалаи Фаластин бар уҳда дорад.

Оли Ҳабиб афзуд, Эрон комилан аз афзоиши огоҳиҳои байналмиллалӣ дар мавриди пайёмадҳои манфии ишғоли кишвари Фаластин ва таҳрими фаластиниён ҳимоят мекунад.