Кашфи беш аз як тонна маводи мухаддир дар ҷанубу шарқи Эрон
(last modified Tue, 22 Oct 2019 15:32:35 GMT )
Октябр 22, 2019 20:32 Asia/Dushanbe
  • Кашфи беш аз як тонна маводи мухаддир дар ҷанубу шарқи Эрон

Фармондеҳи марзбонии устони Систон ва Балучистон дар ҷанубу шарқи Эрон аз кашфи беш аз як тонна анвои маводи мухаддир дар минтақаи марзии Мирҷова хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Муллошоҳӣ, фармондеҳи марзбонии устони Систон ва Балучистони Эрон рӯзи сешанбе гуфт, марзбонони эронӣ дар Мирҷова аз вуруди миқдори зиёди қочоқи маводи мухаддир ба кишвар мутталеъ шуданд ва бо шиносоии масирҳои убури онон ҳазору 136 кило анвои маводи мухаддирро дар нуқтаи сифри марзӣ кашф карданд. Муллошоҳӣ афзуд, дар ин амалиёт илова ба дастгир шудани яке аз қочоқчиён 14 адад силоҳ низ кашфу забт шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони хатти муқаддами мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ҷаҳон беш аз се ҳазор шаҳид ва беш аз он захмӣ тақдим кардааст. Созмони Милали Муттаҳид аз Эрон ба унвони парчамдори мубориза бо маводи мухаддир ном бурдааст.