Октябр 27, 2019 19:12 Asia/Dushanbe
  • Оғози тиҷорати тарҷеҳии Эрон ва Иттиҳодияи АвруОсиё

Мувофиқатномаи тиҷорати тарҷеҳии Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз имрӯз (якшанбе) иҷроӣ шуд.

Ин мувофиқатнома шомили 862 қалам коло аст, ки 360 қалам тарҷеҳоти эътоии Эрон ба АвруОсиё ва 502 қалам ҳам тарҷеҳоти эътоии АвруОсиё ба Эрон аст.

Масъулони Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон аз рушди содироти коло ба кишварҳои узви АвруОсиё бо иҷроӣ шудани тиҷорати тарҷеҳӣ миёни Эрон ва АвруОсиё хабар медиҳанд.

Бо пайвастани Эрон ба Иттиҳодияи  АвруОсиё дар гоми нахуст барои колоҳои содиротии Эрон ба кишварҳои узви ин иттиҳодия, таърифаи эъмолшуда бо коҳиши беш аз 80 дарсадӣ ҳамроҳ хоҳад шуд.

 

Барчасп