Октябр 28, 2019 20:53 Asia/Dushanbe

Ҷаҳони Ислом бавижа Эрони исломӣ имшаб ва фардо дар сӯги шаҳодати мазлумонаи хуршеди нуронии сипеҳри Оли Муҳаммад- имом Ризо (а), сиёҳпӯш ва сӯгвор аст.

Дар шаби шаҳодати имоми меҳрубониҳо, шаҳри Машҳад мизбони миллионҳо зану мард ва пиру ҷавоне аст, ки аз дур ва наздик худро ба ҳарами мутаҳҳари Разавӣ мерасонанд, то дар ин андӯҳ ва мусибит бузург, азодорӣ ва иродати хешро ба остони муқаддаси он Имом рауф иброз кунанд.

Зоирони пиёда бо поҳои пуробила ва дилҳои пурумед рӯ ба сӯи боргоҳи Разавӣ ниҳодаанд то дасти дуо бар панҷараи фӯлоди ҳарамаш ҳалқа кунанд ва кулаборе аз истиҷобатро бо хеш ба савғот баранд.

Image Caption

Фардо (сешанбе) 30 сафари 1441 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 29 октябри 2019, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Ризо (а), набераи гиромии Расули Худо(с) аст.

Ҳазрати имом Ризо (а) дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушӯданд ва дар охирин рӯзи моҳи сафари соли 203 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.

Даврони ҳаёт ва имомати ҳазрати имом Ризо (а), даврони авҷгирии гароиши мардум ба аҳли байти исмат ва таҳорат (а) маҳсуб мешавад; Ба тавре, ки бо авҷгирии тамоюлоти мардум ба имом Ризо(а), Маъмун халифаи Аббосӣ бо дасисачинӣ, эшонро масмум ва шаҳид кард.

Радио тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Ризо(а)-ро ба ҳамаи ошиқони он ҳазрат таслият мегӯяд.

 

Барчасп