Зариф: Трамп наметавонад тавофуқи яктарафа бар Эрон таҳмил кунад
Вазири умури хориҷии Эрон таъкид кард, давлати Амрико ҳаргиз наметавонад тавофуқи яктарафа бар Эрон таҳмил кунад.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон имрӯз дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Алҷазира”-и Қатар бори дигар кишварҳои минтақаро ба эътимодсозӣ байни кишварҳои минтақа фаро хонд ва гуфт, ҷанг ба суди ҳеҷ касе нахоҳад буд. Вазири умури хориҷии Эрон таъкид кард, Эрон кишварҳои минтақаро ба ибтикори эътимодсозӣ байни кишварҳои минтақа таҳти унвони “Ибтикори Ҳурмуз” даъват мекунад.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон 25-уми сентябр дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо баёни мавозеи минтақаӣ ва байналмилалии Эрон тарҳи сулҳи минтақаие бо унвони "Ибтикори сулҳи Ҳурмуз" ё эътилофи “Умед"-ро ироа кард.