Ноябр 01, 2019 17:32 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Амрико омили аслии мушкилоти Ироқ аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба таҳаввулоти Ироқ таъкид кард, давлати Амрико аз 16 соли пеш рӯзона беш аз як миллион бушка нафти Ироқро таҳти унвони ғаромати ҷангӣ тороҷ мекунад ва яке аз авомили мушкилоти иқтисодии Ироқ Амрикост.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки душман умедвор аст, дар кишварҳои минтақа фурсате ба даст биоварад ва бар мавҷ савор шавад, афзуд, сафири Амрико дар Ироқ ба таври аланӣ аз хушунат ҳимоят мекунад ва босароҳат нерӯҳои интизомии Ироқро аз контроли ин рафторҳо манъ мекунад. Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ тасреҳ кард, ҷараёноте дар Ироқ, ки дастпарвардаи Ғарб ҳастанд, ҷиноятҳоеро дар Карбало ва Басра муртакиб шудаанд, ки мардуми Ироқ бояд суфуфи худро аз инҳо ҷудо кунанд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид бар ҳалли мушкилоти иқтисодии мардуми Ироқ аз роҳҳои қонунӣ гуфт, мардуми Ироқ таҳти раёсати марҷаият ва давлати қонунӣ роҳҳали ислоҳотро мешиносанд ва тавони ҳалли мушкилоти худро доранд.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ ба ҳаводиси Лубнон низ ишора карда гуфт, решаи аслии тазоҳуроти мардуми Лубнон адами эътинои давлат ба мушкилоти маишӣ аст. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, истеъфои нахуствазири Лубнон нишон дод, ки бархе ҷараёноти сиёсии ин кишвар маслиҳати режими Исроил, Амрико ва бархе режимҳои арабиро бар маслиҳати мардуми худ тарҷеҳ медиҳанд.