Зариф ; эрониён ҳаргиз таслими зургуӣ нахоҳанд шуд
Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард ; Амрико ҳатто агар ҳамаи мардон , занон ва кудакони эрониро таҳрим кунанд, эрониён ҳаргиз таслими зургуӣ нахоҳанд шуд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , вазорати хориҷаи Амрико дар чорчуби ташдиди терорризми иқтисодии зиддӣ мардуми Эрон , рӯзи ҷумъа дар саҳифаи шахсии худ дар ТВИТТЕР навишт ; эъмоли терорризми иқтисодии Амрико бар коркунони бахши сохтмони Эрон , танҳо намоёнгари нокомии сиёсати фишори ҳаддиаксарии Вашингтон аст.
Зариф афзуд ; Амрико баҷои гирифтор кардани бештари худ , бояд аз сиёсатҳои шикаст хурдааш даст бикашад ва ба БАРҶОМ баргардад.
Доналд Трамп , раиси ҷумҳурии Амрико моҳи май 2018 дар тасмими ғайриқонунӣ, ин кишварро аз БАРҶОМ хориҷ кард ва таҳримҳоро алайҳи Эрон баргардонд.
Ҷумҳурии исломии Эрон баъд аз як сол сабр роҳбурдӣ ва бароварда нашудани интизороташон аз моҳи маи 2019 бархе таъаҳудҳои БАРҶОМИИ худро коҳиш додааст.