Ноябр 02, 2019 17:19 Asia/Dushanbe
  • Дидори Ҷаҳонгирӣ бо нахуствазирони Узбакистон  ва Қирғизистон

Муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон дар ҳошияи ҳаҷдаҳумин иҷлоси нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд бо нахуствазирони Узбакистон ва Қирғизистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, дар дидори рӯзи шанбеи Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон  ва Абдуллоҳ Орифов нахуствазири Узбакистон ду тараф бар таъмиқи муносиботи ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таъкид карданд.

Ҷаҳонгирӣ ҳамчунин дар дидои Муҳаммадколӣ Абулқозиев нахуствазири Қирғизистон баррасии монеаҳои ҳамкорӣ дар Камиссиони муштараки ҳамкории дуҷониба ва беҳбуди равобитро зарурӣ унвон кард.

Ҷаҳонгирӣ барои ширкат дар ҳаҷдаҳумин иҷлоси нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Узбакистон  ба Тошканд сафар кардааст.

Муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон қарор аст дар ин сафар аз бархе марокизи таърихии шаҳри Самарқанд низ дидан кунад.

Барчасп