Ноябр 03, 2019 10:56 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Амрико дар паи эҷоди халаи сиёсӣ дар Ироқ ва Лубнон аст

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал бо ишора ба таҳаввулоти Лубнон ва Ироқ таъкид кард, Амрико дар паи эҷоди халаи сиёсӣ дар Ироқ ва Лубнон аст.

Бархе аз шаҳрҳои Ироқ ва Лубнон дар рӯзҳои ахир шоҳиди тазоҳуроти мардумӣ дар эътироз ба вазъи андоз ва буҳрони иқтисодӣ аст.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал шомгоҳи шанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи яки телевизиони Эрон афзуд, Амрико дар кишварҳои Ироқ ва Лубнон бо равиши терроризми сиёсӣ дар масири мутолиботи мардум инҳироф эҷод мекунад, зеро мехоҳад аркони низоми ин кишварҳоро аз байн бибарад.

Амирабдуллоҳиён бо баёни ин ки фасод, бекорӣ ва мушкилоти маишатӣ аз чолишҳои пешравии давлатҳои Ироқ ва Лубнон аст тасрҳе кард, амрикоиҳо намехоҳанд фурсати ҳалли ин мушкилотро ба давлатҳои Ироқ ва Лубнон бидиҳанд.

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал бо таъкид бар ин ки мутолиботи ҳақиқии мардуми Ироқ ва Лубнон бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад хотирнишон кард, агар мудохилаҳои хориҷӣ дар Ироқ ва Лубнон мутаваққиф шавад, ислоҳоти ҷиддӣ дар бахшҳое, ки фасод вуҷуд дорад анҷом мешавад.

Барчасп