Эъломи гоми чаҳоруми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо эъломи иҷрои гоми чаҳоруми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон гуфт, ин гом аз фардо, чаҳоршанбе дар таъсисоти ҳастаии "Фурду" оғоз мешавад.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз дар маросими ифтитоҳи корхонаи навоварии “Озодӣ” дар Теҳрон бо баёни ин ки тибқи БарҶОМ, қарор бар ин шуд, ки ҳазору 44 сентрифуга дар "Фурду" бичархад, аммо газе тазриқ нашуд, афзуд, аз фардо газдиҳӣ дар “Фурду” оғоз мешавад. Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки ҳама тарафҳои БарҶОМ бояд бидонанд, ки Эрон наметавонад якҷониба ба БарҶОМ пойбанд бошад, тасреҳ кард, ҳама тарафҳои БарҶОМ ду моҳ фурсати музокира доранд, то ҳама таҳримҳо аз ҷумла дар бахшҳои филизот, бима, нафт ва бонкӣ бардошта шавад. Рӯҳонӣ афзуд, фаъолияти ҷадиди Эрон бо назорати Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ хоҳад буд ва гоми чаҳорум ҳамонанди гомҳои қаблӣ қобили бозгашт аст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки миллати Эрон миллати муқовим, аҳли музокира ва гуфтугӯ аст, таъкид кард: “Эрон масире, ки интихоб карда, комилан дуруст аст”.
Амрико 8-уми майи соли 2018 ба таври якҷониба аз тавофуқи ҳастаии Эрон бо кишварҳои “Панҷ бар илова як”, ки дар соли 2015 ба имзо расид, хориҷ шуд. Эрон як сол пас аз хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶОМ ва нокоромадии ваъдаи аврупоиҳо барои ҷуброни таҳримҳои Амрико зидди Эрон ба коҳиши гом ба гоми тааҳҳудҳои барҷомии худ рӯй овардааст. Коҳиши тааҳҳудоти Эрон шомили боло бурдани дарсади ғанисозии уран аз 3.67 дарсад, афзоиш захираи урани ғанишуда ва таваққуфи тамоми тааҳҳудоташ дар ҳавзаи таҳқиқ ва тавсеа дар БарҶОМ будааст.