Ноябр 07, 2019 18:05 Asia/Dushanbe
  • Эрон бо тақдими беш аз 17000 шаҳид бузургтарин қурбонии терроризм дар ҷаҳон

​​​​​​​Эрон бо тақдими беш аз 17000 шаҳид, бузургтарин қурбонии терроризм дар ҷаҳон аст. 

Раиси идораи ҳамкориҳои байналмилалии мубориза бо терроризм ва ифротгароии вазорати умури хориҷа гуфт, Эрон бо тақдими беш аз 17000 шаҳид шомили мардуми оддӣ, донишмандони ҳастаӣ, мақомоти давлатӣ ва намояндагони маҷлис, Эрон бузургтарин қурбонии терроризм аст.

Ба гузориши Форс, Ҳусайни Маликӣ дар ҳафтумин конфронси зидди терроризми созмони Шанхай дар Тошканд, бо қаламдод кардани ин кишвар ба унвони бузургтарин қурбонии терроризм дар ҷаҳон бар азми росихи миллат ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон бар решакании комили терроризм дар минтақа ва ҷаҳон таъкид кард.

Маликӣ изҳор дошт, бо тақдими беш аз 17000 шаҳид бар асари терроризм, шомили мардуми оддӣ, донишмандони ҳастаӣ, мақомоти давлатӣ ва намояндагони маҷлис, Эрон бузургтарин қурбонии терроризм аст ва ин далеле аст, бар тавзеҳи ин ки чаро зарфи 40 соли гузашта ин кишвар ҳаргиз дар ҷанг бо ифротгароӣ ва терроризм дар хона аз як тараф ва ироаи ибтикорот дар сатҳи байналмилалӣ аз тарафи дигар дучори тардид ва сустӣ нашудааст.

Ҳусайни Маликӣ дар ин робита ба бархе аз ибтикороти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла тарҳи «ҷаҳон алайҳи хушунат ва ифротгароӣ» дар соли 2013 бо ҳадафи басиҷи ҷомеаи ҷаҳонӣ, алайҳи терроризм ва ҳамчунин тарҳи ахири раисиҷумҳури Эрон таҳти унвони «ибтикори сулҳи Ҳурмуз» бо ҳадафи эҷоди эътимод миёни кишварҳои минтақа, ки натиҷаи он сулҳу субот хоҳад буд, ишора кард.

Раиси идораи ҳамкориҳои байналмилалӣ барои муқобила бо терроризм ва ифротгароӣ дар бахши дигаре дар робита бо таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи мардуми Эрон ба унвони намунаи боризи терроризми иқтисодӣ изҳор кард, иқдомоти террористии шанеъ алайҳи Эрон шомили иқдомоти қаҳри якҷониба, назири таҳримҳои иқтисодии таҳмил шуда тавассути Амрико ҳаргиз халале дар азму иродаи мардум ва давлати Эрон дар ҷанг бо терроризм ворид насохтааст.

Маликӣ хотирнишон кард, таҳримҳои иқтисодии давлати Амрико алайҳи миллати Эрон зарфи 40 соли гузашта намунаи боризи терроризми иқтисодӣ аст, ки бо хурӯҷи ғайриқонунӣ як тарафаи Амрико аз БарҶом дар соли 2018 ташдид шудааст.

 

Барчасп