иблоғи паёми раҳбари муаззами Инқилоб ба зилзилазадагони Озарбойҷони шарқӣ
(last modified Sat, 09 Nov 2019 09:03:30 GMT )
Ноябр 09, 2019 14:03 Asia/Dushanbe
  • иблоғи паёми раҳбари муаззами Инқилоб ба зилзилазадагони Озарбойҷони шарқӣ

Намояндаи валии фақиҳ дар устони Озарбойҷони шарқӣ (шимол шарқи Эрон ) имрӯз шанбе зимни боздид аз минтақаҳои зилзилазадаи ин устон , паёми таслият ва ҳамдардии Раҳбари муаззами Инқилоби исломиро ба осебдидагони зилзилазада иблоғ кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон Ҳуҷатулислом валмуслимин Сайид Муҳаммадалии Олиҳошим намояндаи валии фақиҳ дар устони Озарбойҷони шарқӣ дар ин боздид, бо ҳузур дар чодарҳои зилзилазадагон ва гуфтугу бо имдодгарон ,дар ҷараёни охирин вазъи ин минтақа қарор гирифт.

Зилзилае ба бузургии 5 ва 9 даҳум дар миқёси амвоҷи дарунии замин ( риштер ) бомдоди рӯзи ҷумъа бахшҳое аз шаҳристонҳои Миёна ва Саробро дар устони Озарбойҷони шарқӣ ларзонд.

То кунун шаш нафар бар асари ин заминларза ҷони худро аз даст жодаанд ва беш аз 300 нафар низ захмӣ шудаанд.