Ноябр 10, 2019 10:00 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми байни қораии футболи соҳилӣ; Эрон қаҳрамон шуд

Тими миллии футболи соҳилии Ҷумҳурии исломии Эрон бо пирӯзӣ баробари Спания ба мақоми қаҳрамонии рақобатҳои Ҷоми байни қораӣ расид.

Ба нақл аз ИРНО, тими миллии футболи соҳилии Ҷумҳурии исломии Эрон асри рӯзи шанбе дар дидори поёнии рақобатҳои Ҷоми байни қораии Иморот-2019 ба масофи тими қудратманди Спания рафт ва муваффақ шуд ин тимро бо натиҷаи пургули 6 бар 3 шикаст диҳад.

Тими миллии футболи соҳилии Ҷумҳурии исломии Эрон бо шикасти Спания  барои севвуминбор қаҳрамони Ҷоми байни қораӣ шуд ва тавонист дар канори Бразилия ва Русия ба пурифтихортарин тими таърихи ин рақобатҳо табдил шавад.

Соҳилибозони Эрон барои расидан ба ҷоми қаҳрамонии ин рақобатҳо аз сади тимҳои Мексика, Миср, Русия, Иморот ва Спания гузаштанд ва аз унвони соли пеши худ дифоъ карданд.

Дар дидори радабандӣ низ тими Иморот муваффақ шуд бо натиҷаи 2 бар як Русияро шикаст диҳад ва унвони севвумро аз они худ кунад.

Рақобатҳои Ҷоми байни қораии Иморот-2019 бо ҳузури ҳафт тими бартари ҷаҳон (Эрон, Русия, Мексика, Миср, Италия, Спания, Жопон) ва Имороти мизбон баргузор шуд. 

Барчасп