Ноябр 11, 2019 20:37 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши навҷавонони эронӣ дар мусобиқоти роботсозӣ ва ҳуши сунъии Русия

Навҷавонони эронӣ дар мусобиқоти роботсозии Маскав медалҳои нуқра ва брунзро касб карданд.

Ба гузориши Спутник, ин рақобатҳо, ки аз бузургтарин мусобиқот роботсозӣ ва ҳуши сунъии ҷаҳон аст, имрӯз дар донишгоҳи Баумани Маскав бо унвони Робокоп Осиё - Посифик 2019 баргузор шуд.

Дар ин рақобатҳо тими навҷавонони 7 то 13 соли Эрон беҳтарин натоиҷро нишон доданд ва бо касби медалҳои нуқра ва брунз ба марҳалаи поёнӣ роҳ ёфтанд.

Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ тимҳои Русия, Эрон, Австралия, Ҳинд, Чин, Корея, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Сингапур, Таиланд ва Ҷопон ширкат доштанд.

 

Барчасп