Ройзании вазири умури хориҷаи Эрон бо раиси ҷумҳури Қазоқистон
(last modified Wed, 13 Nov 2019 04:36:13 GMT )
Ноябр 13, 2019 09:36 Asia/Dushanbe
  • Ройзании вазири умури хориҷаи Эрон бо раиси ҷумҳури Қазоқистон

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон бо Қосим Жормат Токаев раиси ҷумҳури Қазоқистон дар Нурсултон (Остона) дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба нақл аз ИРНО, дар ин дидор ду тараф дар бораи равобити дуҷониба, охирин таҳаввулоти БАРҶОМ ва терроризми иқтисодии Амрико ройзанӣ карданд.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури Қазоқистон дидор ва дар бораи равобити дуҷониба ва муҳимтарин масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ табодули назар кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф душанбе барои ширкат дар иҷлоси солиёнаи Клопи Остона ва дидор бо мақомоти Қазоқистон ба ин кишвар сафар кардааст.

Зариф ҳамчунин бо ҳузур дар донишгоҳи АвруОсиё-и шаҳри Нурсултон (Остона) дар ҷамъи устодон ва донишҷӯёни ин донишгоҳ суханронӣ кард.