Ноябр 13, 2019 20:37 Asia/Dushanbe
  • Зарурати нақшофаринии фаъоли Эрон дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ

Таҳлилгари масоили сиёсӣ ва амниятии минтақа бо ишора ба ҳодисаи ахири террористӣ дар Тоҷикистон, нақшофаринии фаъоли Эрон дар ҳавзаи амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказиро зарурӣ донист.

Ба нақл аз Форс, Ҳусейн Асубалиев, коршиноси масоили сиёсӣ ва амниятии минтақа дар ёддоште аҳдофи ҳамлаи ахири террористӣ ба яке аз посгоҳҳои марзӣ дар Тоҷикистон ва зарурати тақвияти ҳамкориҳои амниятии Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ӯ гуфт: Сервисҳои амниятии Тоҷикистон ҷузъиёти ҳамлаи гурӯҳи вобаста ба созмони террористии ДОИШ ба яке аз посгоҳҳо дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Узбакистонро баррасӣ карданд. Ин иттифоқ нишон медиҳад, ки бояд на фақат баҳси қобили итминон будани марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, балки таҳдидоти дохилӣ дар хоки тоҷикҳо ва ҳамчунин дар соири кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддӣ қарор гирад.

Вай идома дод: Вокуниши мақомоти марказии Афғонистон нисбат ба такзиби нуфузи террористҳо аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ҳокӣ аз он аст, ки Кобул бар вилоятҳои шимолӣ ва аз ҷумла Қалъаи Золи вилояти Қундуз дар шимоли ин кишвар назорат надорад.

 

Барчасп