Маънои маҳви Исроил аз нигоҳи раҳбари муъаззами инқилоб
Раҳбари инқилоби исломӣ иллати мусибатҳои имрӯзи дунёи ислом ба вижа вазъияти таассуфбори Фаластинро заъфи иттиҳоди исломӣ донистанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи ҷумъа дар дидори масъулони низом ва меҳмонони ширкаткунанда дар Конфронси ваҳдати исломӣ мусибатҳои мавҷуд дар дунёи исломро бархоста аз пойбанд набудан ба асли парҳез аз муориза ва иттиҳод муқобили душмани муштарак донистанд ва хотирнишон карданд, имрӯз бузургтарин мусибати дунёи исломӣ қазияи Фаластин аст, ки миллатеро аз хона ва ватани худ овора карданд.
Эрон бо номгузории Ҳафтаи ваҳдати исломӣ (12 то 17 рабиул аввал) нишон дод ин иқдом ҳаракати сиёсӣ нест, балки эътиқоди айнӣ ба коромадии иттиҳоди мусулмонон барои ҳалли мушкилот аст ва ин масъала ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи масъулони баландпояи Эрон дар 40 соли гузашта будааст.
Ин руйкарди ҷумҳурии исломӣ реша дар моҳияти дини ислом дорад, ки зулм, истикбор ва султаро ба шиддат нафй мекунад ва далели аслии душмании ошкори султагарон бо Эрон сирфан бо як кишвари исломӣ нест, балки душманон бо асли ислом ва ҳамаи кишварҳои исломӣ мухолиф ҳастанд.
Мавзеъҳо ва сиёсати қотеи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин баргирифта аз асли дини мубини ислом аст, ки барои наҷоти миллати Фалстин аз зулм ва султаи саҳюнистҳо ҳеҷ маҳдудияте надорад.
Баста шудани маркази саҳюнистҳо дар Теҳрон, эҷоди Сафорати Фаластин дар қалби пойтахти Эрон номгузории охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба унвони рӯзи ҷаҳонии Қудс, ҳимояти модӣ, сиёсӣ ва маънавӣ аз фаластиниён дар маҳфилҳои минтақа ва байналмиллалӣ ва дар ниҳоят таъкиди масъулони ҷумҳурии исломӣ бар маҳви режими саҳюнистӣ, реша дар сиёсати усулии Эрон дар ҳимоят аз мазлумон ва наҷоти онон аз зулму ситам дорад.
Миллати Фалстин дар 70 соли гузашта ҳамвора мавриди зулму ситами саҳюнистҳо буда ва Эрон танҳо роҳи наҷоти ин масъаларо нақшофаринии мустақими соҳибони аслии сарзамини Фалстин эълом кардааст, ки дар навъи худ демократик ва қонунманд ҳам ҳаст. Дар ин миён аммо душманон талош доранд бо дигаргунсозии маънои маҳви режими саҳюнистӣ онро маҳви мардуми яҳудӣ таъбир ва тафсир кунанд ва интавр дар афкори умумии ҷаҳон илқо шавад, ки Эрон бо мардуми яҳуд мушкил дорад; ин дар ҳолест, ки яҳудиён солҳои сол дар Эрон дар оромиш ва амнияти комил зиндагӣ мекунанд.
Ба таъбири раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ маҳви Исроил ба маънои нобудии режими таҳмилии саҳюнистӣ аст ва ин ки мардуми Фаластин аъам аз мусулмон, масеҳӣ ва яҳудӣ давлати мавриди назари худашонро интихоб кунанд ва бегонаҳо ва авбоше монанди Натанияҳуро берун ва кишварашонро идора кунанд, ки албата ин иттифоқ хоҳад афтод.
Поёни зулму ситами душманон дар сарзаминҳои исломӣ иртиботи маънодоре бо ваҳдати воқеӣ дорад ва ин муҳим сирфан бо мавзеъгирии эъломии давлатҳои исломӣ маъно намешавад. Амалисозии айнии ваҳдати исломӣ маротиби муҳиме дорад. ки риояти он ба мушкилоти кунунӣ дар ҷаҳони ислом поён медиҳад.
Гуруҳҳо, мазҳабҳо ва давлатҳои исломӣ дар гоми нахуст бо давре аз душманӣ ва зарба задан ба якдигар ва сипас дар гоми дуввум иттиҳод дар баробари душмани муштарак метавонанд ваҳдати исломии воқеиро амалисозӣ кунанад ва дар натиҷа ба вазъияти кунунӣ дар сарзамини Фалстин, Яман ва Баҳрайн дар минтақаи ғарби Осиё то минтақаи шимоли Африқо поён диҳанд.