Киштии умеди рӯёрӯии ваҳшиёни қарн; Маъмурияти «Madleen» барои наҷоти Ғазза
Порс Тудей - Киштии «Madleen» дар миёнаи наслкушӣ ва муҳосираи мардуми Ғазза ба дасти режими Исроил, сафаре инсондӯстона ва мухотираомезро оғоз кардааст.
Дар ҳоле, ки аз октябри 2023 режими Исроил бо ҳамла ба мардуми Ғазза, даҳҳо ҳазор нафарро ба хоку хун кашида ва муҳосирае золимона барои ин минтақа рақам задааст, киштии «Madleen» бо ҷасорате мисолзаданӣ, сафаре пурмухотираро барои ёрии мардуми мазлӯми Ғазза оғоз кардааст. Ин киштӣ, ҳомили паёми ҳамбастагӣ, умеду маҳмӯлае арзишманд аз кумакҳои башардӯстона, акнӯн ба наздикии савоҳили Ғазза расида ва дар дили амвоҷи Баҳри Миёназамин, парчами муқовимату инсониятро барафрошта аст. Дар ин матлаб аз Порс Тудей ба ҷузъиёти маъмурияти ин киштӣ пардохта шудааст.
Номи Madleen аз куҷо омада?
Номи «Madleen» ба ифтихори Madleen Kolab, нахустин зани моҳигири фаластинӣ дар Ғазза, бар ин киштӣ ниҳода шуда, номе, ки намоди истиқомату муборизааст.

Чӣ касе пушти ин маъмурияти инсонӣ аст?
«Кумитаи байналмилалӣ шикастани муҳосираи Ғазза» , дар дили «эътилофи новгони озодӣ» - ҷунбише, ки аз соли 2010 барои дарҳам шикастани муҳосираи Ғазза шакл гирифта ва токунӯн 36 киштиро ба ин масир эъзом карда - созмондеҳии ин сафарро бар ӯҳда дорад.
Киштии «Madleen» чӣ замоне ба роҳ афтод?
1 июни 2025 киштии «Madleen» аз бандари Котонё дар ҷазираи Сисили Италия, сафаре дуҳазор километриро дар дили Баҳри Миёназамин оғоз кард. Ин киштӣ акнӯн дар наздикии обҳои Миср, бо шуҷоат ба сӯи Ғазза пеш меравад.

Бори ин киштӣ чист?
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, «Madleen» ҳомили маҳмӯлае андак, аммо намодин аз кумакҳои ҳаётӣ аст; дору, орд, биринҷ, ширихушк, пӯшаки бача, маҳсӯлоти беҳдоштии занона, таҷҳизоти ширинсозии об, аъзои маснуӣ барои кӯдакон. Ёсамин Оҷор, фаъоли ҳуқуқи башар дар гуфтугу бо Алҷазира таъкид кард, ки ҳадаф, на танҳо расондани кумак, балки гушудани роҳе барои наҷоти мардуми Ғазза аст. Зоҳир Бировӣ, раиси кумита, ин сафарро фарёде аз ишқ, сулҳ ва ҳамбастагӣ медонад; эътирозе ба сукути давлатҳо дар баробари муҳосира ва нотавонӣ дар таъмини ниёзҳои аввалияи беш аз ду миллион фаластинӣ. Ӯ мегуяд: «Киштӣ кучак аст, аммо паёмаш азим; намоди масъулиятпазирии миллатҳои озоду даъвате барои поёни ин ҷиноят.»
4 . Чӣ касоне ҳамроҳи «Madleen» ҳастанд?
Давозда фаъоли шуҷоъ аз миллиятҳои гӯногӯн ба номҳои Greta Thunberg, фаъоли шветсияии муҳит зист ва адолати иҷтимоӣ, Римо Ҳасан, намояндаи фаронсавии порлумони Аврупо аз ҳизби «Фаронсаи нофармон», Умар Файёз, хабарнигори Алҷазира, ки ин маъмуриятро пӯшиш медиҳад, Ёнис Муҳаммадӣ, хабарнигори платформи фаронсавии «Балост», Паскал Морирас, фаъоли фаронсавӣ бо таҷриба дар маъмуриятҳои новгони озодӣ, Тиёго Овило, рӯзноманигор бразилияӣ ва ҳомии деринаи ормони Фаластин, Баптист Андре, пизишки фаронсавии омода барои кумак ба масдӯмон, Ёсамин Оҷор, фаъоли олмонӣ, Риво Фиёр, фаъоли фаронсавии ҳавзаи иқлим, Своиб Орду, фаъоли турк, Серхию Торибию, узви испанияии созмони ҳифозат аз муҳити зисти дарёӣ ва Морко Фонринис, донишҷӯи муҳандисии киштисозӣ аз Ҳоланд, дар ин киштӣ ҳузур доранд.

«Madleen» чӣ замоне ба Ғазза мерасад?
Агар ҳамаи чиз тибқи барнома пеш биравад, киштӣ рӯзи душанбе ба 100 моилии дарёии савоҳили Ғазза хоҳад расид. Ёсамин Оҷор эълом кард, ки киштӣ дар наздикии савоҳили Миср дар ҳаракат аст ва Кумитаи байналмилалӣ шикастани муҳосираи Ғазза, соъоти пеши рӯро «сарнавиштсоз» хондааст.
Вокуниши режими Исроил чист?
Режими Исроил бо қотеъият эълом карда, ки монеъи вуруди «Madleen» ба Ғазза хоҳад шуд ва ҳатто таҳдид ба истифода аз зӯр кардааст. Ҳамонанди ҳамлаи маргбор ба киштии «Mavi Marmara» дар 2010, ки 10 шаҳрванди туркро ба шаҳодат расонд. Дар майи 2025, Исроил бо паҳпод ба киштии «Ал Замир» ҳамла кард ва акнӯн расонаҳо аз омодагии камондуҳои дарёӣ барои тавқифи «Madleen» хабар медиҳанд. Jerusalem Post гузориш дода, ки артиш мумкин аст, киштиро тасарруф ва фаъолонро боздошт кунад. Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ин иқдомро нақзи қавонини байналмилалӣ медонанд. Рашод Албоз, яке аз созмондиҳандагони киштӣ ба хабарнигори шабакаи Ал Олам гуфт: Ин киштӣ ҳадафи ҳамлаи паҳподҳоӣ қарор гирифт, ки гумон меравад, исроилӣ бошад. Вай хотирнишон кард, ки ба рағми ин ҳамла киштии «Madleen» ба ҳаракати худ ба тарафи Ғазза идома доду сооте қабл вориди обҳои минтақаии Миср шуд.
Чаро Исроил аз «Madleen» метарсад?
1 . Тарс аз ифшои ҷиноёт: Исроил намехоҳад ҷаҳон бибинад, ки чигуна мардуми Ғаззаро дар муҳосираи маргбор қарор додааст. Вуруди кумакҳои мустақил, дурӯғҳои таблиғотии ин режим дарбораи “амният”-ро ифшо мекунад.
2 . Шикасти пропагондо: Кумакҳои мардумниҳод собит мекунад, ки Исроил монеъи аслии расидани кумак ба Ғазза аст, на Ҳамос. Ин режим бо баҳонаҳои амниятӣ, ҳатто кӯдакону беморонро аз дарёфти дору маҳрӯм мекунад.
3 . Тарс аз иттиҳоди ҷаҳонӣ: Ҳаракатҳои башардӯстона, мардуми ҷаҳонро алайҳи ишғолу наслкушии Исроил муттаҳид мекунад, ҳамонтавр, ки дар корзори BDS шоҳид будем.
4 . Нақзи муҳосираи ғайриқонӯнӣ: Тибқи ҳуқуқи байналмилал, муҳосираи Ғазза ҷинояти ҷангӣ аст ва ин киштиҳо бо шикастани он, машрӯъияти Исроилро зери савол мебаранд.
Чаро ин сафар муҳим аст?
«Madleen» на танҳо ҳомили кумакҳои ҳаётӣ, балки намоди муқовимати маданӣ ва фарёди эътироз ба сукути ҷаҳонӣ дар баробари фоҷеъаи Ғазза аст. Киштии «Madleen» дар дили тӯфони таҳдидҳо, бо шуҷоат ба сӯи Ғазза пеш меравад. Сафаре, ки метавонад сафҳае нав дар таърихи ҳамбастагии инсонӣ рақам бизанад.