Рӯҳонӣ: Таҳримҳои Амрико зидди қатъномаҳои байналмилалиянд
(last modified Tue, 19 Nov 2019 12:43:35 GMT )
Ноябр 19, 2019 17:43 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Таҳримҳои Амрико зидди қатъномаҳои байналмилалиянд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин Амрико бояд бидонад, раҳбари ҷаҳон нест, таъкид кард, таҳримҳои Амрико як иштибоҳи бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иқдоме алайҳи муқаррарот ва қатъномаҳои байналмилалиянд.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе ҳангоми дарёфти устуворномаи сафири ҷадиди Австралия дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки набояд иҷоза дод, таҳримҳои ғайриқонунии Амрико монеае барои тавсеаи равобит ва ҳамкории ду кишвар бошад, гуфт, кишварҳои мустақил бояд дар баробари иқдомоти ғайриқонунии Амрико истодагӣ кунанд. Рӯҳонӣ бо баёни ин ки Амрико бо эъмоли таҳрим наметавонад ба аҳдофи худ даст ёбад, афзуд, миллати Эрон миллати бузург аст, ки ин гуна фишорҳо намеҳаросад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки фурӯпошии БарҶОМ бар зарари ҷаҳон хоҳад буд, тасреҳ кард, бо вуҷуди хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ ва бадаҳдии аврупоиҳо Эрон ҳамчунон ба тааҳҳудҳои худ дар ин тавофуқ пойбанд аст.