Ноябр 20, 2019 09:59 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: душманро дар ҷанги иқтисодӣ ақиб хоҳем зад

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ сешанбешаб дар дидори ҷамъе аз тавлидкунандагон, корофаринон ва фаолони иқтисодии Эрон, бо ишора ба аҳамияти сарвати миллӣ ва густариши рифоҳи умумӣ дар низоми исломӣ ва зарурати умед набастан ба хориҷ аз кишвар таъкид карданд, кору роҳбурди асосии масунсозии иқтисод аз осеби таҳримҳо аз тариқи тақвият ва равнақи тавлиди дохилӣ аст.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муъаззами раҳбарӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор тавлидкунандагонро фармондеҳон, пешрувон, хатшиканон ва суфуфи муқадами арсаи ҳаётии "тавлиди дохилӣ, равнақи иқтисодӣ ва густариши рифоҳи умумӣ" хонданд ва афзуданд: ин майдони хатир майдони ҷанги воқеӣ аст.

Раҳбари муъаззами инқилоб бо ишора ба ҷанги ҳамешагии иқтисодӣ миёни кишварҳо ва қудратҳо афзуданд, албатта дар давраи раёсати ҷумҳурии феълии Амрико, ин ҷанг бо Чин, Корея, Аврупо ва дигар минтақаҳо буруз ва густариш ёфта ва дар баробари Эрон аз тариқи иҷроии таҳримҳо, шакли ваҳшиёна, кинаварзона ва ҷиноятолуд гирифтааст.

Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ, мусаллаҳ кардани инқилоб ба силоҳ ва иродаи тавлиди дохилиро алоҷи мушкилот баршуморданд ва гуфтанд, танҳо роҳи ҳалли масоили мавҷуд ин аст, ки масири тақвият ва равнақи тавлиди дохилиро бо ҷидият идома диҳем ва бо тасмимоти саҳеҳ ва иқдомоти лозим монеаҳоро бартараф кунем, ки осори мусбати ҳаракат дар ин масир нисбат ба қабл машҳуд аст.

Раҳбари муъаззами инқилоб зарфиятҳои дохилиро бепоён хонданд ва афзуданд: Иншоаллоҳ бо истифода аз зарфиятҳои беназире, ки танҳо бахше аз онҳо истифода шуда ва ба баракати фаолияти фаолони иқтисодӣ, таҳримҳоро аз таҳдид ба фурсат табдил хоҳем кард.

Раҳбари муъаззами инқилоб, интиқоли тавоноиҳои бисёр болои муҳандисӣ ва технологии дастгоҳҳои низомӣ ба дастгоҳҳои ғайринизомиро низ зарурӣ хонданд ва гуфтанд, солҳо пеш як генерали исроилӣ гуфта буд аз эрониҳо бадам меояд, аммо дар баробари пешрафти низомии онҳо таъзим мекунем, ки албатта мо аз он мавқеъ то кунун дастовардҳои фаровони муҳимтар ва ҷолибтаре дорем ва мушаки болстик бо бурди ду ҳазор километр ва хатои ҳадиаксари чанд метр танҳо яке аз онҳост.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хитоб ба миллати Эрон ва дустон ва душманони инқилоб таъкид карданд, миллати Эрон дар арсаи ҷанги низомӣ ва сиёсӣ ва амниятии душманро ақиб задааст ва ба фазли илоҳӣ дар ҷанги иқтисодӣ ҳам душманро ба таври қотеъ ақиб хоҳад зад ва бо идомаи ҳаракати кунунӣ дар масири равнақи тавлид ва пешрафти иқтисодӣ, уфуқи равшани ояндаи худро амалисозӣ хоҳад кард.

 

Барчасп