Ноябр 23, 2019 12:47 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими футболи духтарони зери 23 соли Эрон дар баробари Тоҷикистон

Духтарони футболисти Эрон дар нахустин дидор дар мусобиқаҳои футболи минтақаи Осиёи марказӣ мавсум ба KA FA баробари Тоҷикистон пирӯз шуд.

Ба нақл аз ИРНА, рақобатҳои футболи духтарони зери 23 соли минтақаи Осиёи марказӣ ( KA FA ) бо ҳузури тимҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба мизбонии Тоҷикистон баргузор мешавад. Тими миллии духтарони Эрон дар нахустин дидори худ бо натиҷаи чор бар сифр дар баробари мизбони рақиб пирӯз шуд.

Ҳоҷар Дебоғӣ, Марзия Файзӣ, Гулнуш Хусравӣ, Ҳелё Пилтан, Ғазола Банитолибӣ, Фотима Шабон, Фотима Амирӣ,Фотима Махдумӣ, Фотима Қосимӣ, Заҳро Хоҷӯӣ, Сано Содиқӣ, Руқия Ҷалолнасб, Нигин Зандӣ,Ҳония Худопарастӣ,Фотима Гароилӣ, Орифа Козимӣ,,Мелико Мутавалӣ, Фотимаамина Бурозҷонӣ, заҳро Маъсумӣ ва Масиро Рустамӣ бозикунони Эрон дар ин турнемент ҳастанд. Ҳидояти тими Эронро Марям Озмун бар уҳда дорад.

Тими Эрон дар дуввумин бозии худ аз соати 14 имрӯз ( Шанбе ) муқобили Туркманистон ба майдон меравад.

Барчасп