Худкафоии Эрон дар ҳавзаи технологии паҳпод
Фармондеҳи нерӯи заминии артиши Эрон аз худкафоии ҷумҳурии исломӣ дар ҳавзаи технологии паҳпод хабар дод.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, амир сартиб Киюмарси Ҳайдарӣ фармондеҳи нерӯи заминии артиши Эрон имрӯз дар Теҳрон гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯз ба рӯз дар ҳоли таҷҳиз ва тавсеаи паҳподҳо ҳастанд ва дар ин ҳавза ба худкафоӣ расидаанд.
Сартиб Ҳайдарӣ бо баёни инки тарҳҳои таҳаввули амиқе дар нерӯи заминии артиши Эрон анҷом шудааст афзуд, ҳама нерӯҳои заминии артиши Эрон мутаносиб бо расаде, ки аз таҳдидҳо доранд дар моҳият ва ҳувият мутаҳаввил шудаанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ 31 августи 2016 дар ҷамъи вазир, масъулон, муҳаққиқон ва мутахассисони Вазорати дифои Эрон, афзоиши тавони дифоӣ ва таҳоҷумиро ҳақи мусаллами Эрон донистанд.
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, дар ҷаҳоне, ки қудратҳои зӯргӯ, султагар ва дорои камтарин ҷавҳараи ахлоқ, вуҷдон ва инсоният ҳоким ҳастанд ва аз таҷовуз ба кишварҳо ва куштори инсонҳои бегуноҳ ҳеҷ тарсе надоранд, тавсеаи саноати дифоӣ ва таҳоҷумӣ комилан табиӣ аст зеро ин қудратҳо то иқтисоди Эронро эҳсос накунанд амният таъмин нахоҳад шуд.