Кашфи беш аз як тонна маводи мухаддир дар ҷануби шарқи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i48579-Кашфи_беш_аз_як_тонна_маводи_мухаддир_дар_ҷануби_шарқи_Эрон
Ҷонишини фармондеҳи нерӯҳои интизомии устони Систон ва Балучистон дар ҷануби шарқи Эрон аз кашфи беш аз ҳазору сад килограмм маводи мухаддир хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 24, 2019 17:25 Asia/Dushanbe
  • Кашфи  беш аз як тонна маводи мухаддир дар ҷануби шарқи Эрон

Ҷонишини фармондеҳи нерӯҳои интизомии устони Систон ва Балучистон дар ҷануби шарқи Эрон аз кашфи беш аз ҳазору сад килограмм маводи мухаддир хабар дод.

Аҳмади Тоҳирӣ, ҷонишини фармондеҳи нерӯи интизомии устони Систон ва Балучистони Эрон гуфт: Нерӯҳои интизомии Эрон шомгоҳи шанбе дар амалиёте муваффақ шуданд як тоннаву 328 килограмм маводи мухаддир аз қочоқчиёни маводи мухаддир дар минтақаи Саровон кашф кунанд.

Сардор Тоҳирӣ афзуд: Дар амалиёти нерӯҳои пулиси Эрон қочоқчиёни маводи мухаддир иқдом ба тирандозӣ карданд, аммо бо посухи сахти нерӯҳои амниятии Эрон мувоҷеҳ шуданд.

Ҷониши фармондеҳи нерӯҳои интизомии устони Систон ва Балучистони Эрон тасреҳ кард: Дар ин амалиёт нерӯҳои пулиси Эрон яке аз қочоқчиёнро дастгир карданд.