Мӯсавӣ: Кишварҳои муваллиди терроризм мушкилоти худсохтаро ба Эрон нисбат надиҳанд
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти беасос ва иттиҳомоти воҳии матраҳшуда аз сӯи бархе ширкаткунандагон дар иҷлоси "Гуфтугӯи Манама", зимни беарзиш хондани ин изҳорот, иттиҳомоти ворида ба Ҷумҳурии исломии Эронро мардуд хонд.
Понздаҳумин конфронси амнияти минтақавии мавсум ба "Гуфтугӯи Манама" ҷумъашаб дар Манама, пойтахти Баҳрайн оғоз ба кор кард.
Одил Алҷубайр, вазири мушовир дар умури хориҷаи Арабистон ва Анвар Қарқош, вазири мушовир дар умури хориҷии Иморот рӯзи гузашта (шанбе) дар ин конфронси серӯза, Ҷумҳурии исломии Эронро ба анҷоми иқдомоти мухарриб дар минтақа муттаҳам карданд.
Сайид Аббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар вокуниш ба ин изҳорот тасреҳ кард: Кишварҳое, ки худ муваллид ва мураввиҷи терроризм ва ифротгароӣ буда ва бо зери по гузоштани асли ҳусни ҳамҷаворӣ дар умури дохилии дигарон мудохила карда ва амнияти минтақаро ба воситаи ҷалби нерӯҳои бегона тазъиф кардаанд, наметавонанд бо фарофиканӣ мушкилоти худсохтаро ба Ҷумҳурии исломии Эрон нисбат диҳанд.