Мусавӣ: Изҳороти вазири хориҷаи Фаронса дар хусуси БарҶом ғайри масъулона аст
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар посӯх ба изҳороти ғайрисозандаи вазири умури хориҷаи Фаронса дар бораи БарҶом гуфт, ин изҳорот коромадии ибтикороти сиёсӣ барои иҷрои комили БарҶом-ро махдуш мекунад.
Аббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон имрӯз (панҷшанбе) дар вокуниш ба изҳороти Жан-Ив Ле Дриан, вазири умури хориҷаи Фаронса дар хусуси БарҶом ва ҳамчунин имкони баҳрагирӣ аз маханизми ҳаллу фасли ихтилофоти ин санад, афзуд: “БарҶом дар шароити кунунӣ асосан ба тарафҳои аврупоӣ иҷоза намедиҳад, ки дар қиболи эъмоли ҳаққи машрӯи Эрон дар посӯх ба иқдомоти ғайриқонунӣ ва якҷонибаи Амрико, ба ин маханизм истинод кунанд”.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар хусуси имкони баҳрагирии Фаронса ва дигар аъзои боқимондаи БарҶом аз маханизми ҳалу фасли ихтилофот тасреҳ кард, мантиқ ва ҳадафи маханизми ҳалу фасли ихтилофоти пешбинӣ шуда дар БарҶом, дар назар гирифтани иқдомоти ҷубронӣ барои ду тараф аст ва иқдоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам иҷрои ҳаққи худ дар модаи 36 аст.