Ноябр 28, 2019 19:53 Asia/Dushanbe
  • Русия: Ғарб аз рӯйкарди якҷонибаи худ дар баробари Эрон даст бикашад

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия бо ёдоварии иқдомоти Вашингтон алайҳи тавофуқи ҳастаии мавсум ба БарҶом аз тройкаи ғарбӣ(Фаронса, Олмон ва Англия) хост аз иқдомоти якҷонибаи худ муқобили Эрон дар БарҶом даст бардоранд.

Мария Захарова имрӯз (панҷшанбе) дар нишасти хабарии ҳафтагии худ, афзуд, замони он фаро расидааст, ки шарикони мо ин рӯйкардро мутаваққиф кунанд, ки ба Эрон ба унвони ҳадаф барои ба кор гирифтани иқдомоти худ бингаранд.

Вай афзуд, онҳо набояд фикр кунанд, ки метавонанд бар асоси мулоҳизоти худ иқдом кунанд, чаро, ки Эрон шарики мутмаин барои ҳамкорӣ дар БарҶом будааст, зимни инки ширкаткунандагон дар БарҶом ба таври яксон дар иҷрои он бар асоси параметрҳои таъйид шуда дар қатъномаи 2231 Шӯрои амният мутааҳҳид ҳастанд.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия идома дод, замон ва шароит нишон медиҳад, ки ин санади байналмилалӣ ғайриқобили ҷойгузин ва бидуни алтернатив аст.

Захарова бо баёни инки Русия ин рӯйкардро, ки БарҶом барои чӣ кишваре бештар судмандастро ғайрисознда медонед, гуфт, шарикони мо аз ёд мебаранд, ё қасдан ишора намекунанд, ки БарҶом бар асари иқдомоти Амрико ба чунин вазъияте дучор шудааст.

Вай идома дод, мо медонем, ки кишварҳои ғарбӣ тарҷеҳ медиҳанд дар ин бора сухан нагӯянд, ё пушти парда суҳбат кунанд ва дар ҳамин ҳол ба адами пойбандии Эрон ба тааҳҳудоти худ ишора дошта бошанд.

Захарова хотирнишон кард, ин иқдомот ва адами омодагии тарафҳои аврупоӣ аз фароҳам овардани имтиёзҳои иқтисодӣ барои Эрон дар чорчӯби Бар Ҷом боис шудааст, то иҷрои ин тавофуқ бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ шавад.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия гуфт, хуруҷи Амрико аз БарҶом ва коршиканӣ дар иҷрои он, чолиши ҷиддӣ барои сохтори қавонини байналмилалӣ бавуҷуд овардааст.

Вай бо ишора ба инки қатъномаи 2231 Шӯрои амният дар рӯзи 12 моҳи декабр аз сӯи СММ мавриди баррасӣ қарор мегирад, афзуд, арзёбии ин қатънома аз сӯи СММ ба идомаи иҷрои он, кумак хоҳад кард ва мо умедворем БарҶом аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои иҷрои комил мавриди ҳимоят қарор гирад.

 

Барчасп