Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ошӯбҳои Эрон ҳосили ду сол кори ташкилоти истибкори ҷаҳонӣ буд
(last modified 2019-11-29T11:38:18+00:00 )
Ноябр 29, 2019 16:38 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ошӯбҳои Эрон ҳосили ду сол кори ташкилоти истибкори ҷаҳонӣ буд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки як тарроҳии хатарнок пушти ошӯбҳои ахири Эрон буд, ‏гуфт, ин ошӯбҳо ҳосили ду сол кори ташкилотӣ ва таслеҳу омӯзиш тавассути истибкори ҷаҳонӣ буд.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаводи Ҳоҷиалиакбарӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон, бо баёни ин ки ислоҳи қимати бензин дар Эрон баҳонае барои эҷоди ошӯб барномарезишуда тавассути душман буд, афзуд, истибкори ҷаҳонӣ баъд аз шикастҳои зиёд аз ҷабҳаи муқовимат ба меҳварияти Эрон, талош кард бо савор шудан бар мавҷи эътирозоти мардум, кишварро ба самти ҳарҷу марҷ бибарад.

Ҳуҷҷатулислом Ҳоҷиалиакбарӣ бо ишора ба ҳимояти дипломатӣ ва сиёсии Амрико ва гурӯҳаки террористии Мунофиқин аз ошӯбгарон дар Эрон гуфт, дар иғтишошоти ахир ошӯбгарон ба мардуми оддӣ ва нерӯҳои амниятӣ дар Эрон ҳамла карданд, аммо мардуми Эрон тайи рӯзҳои гузашта бо баргузории роҳпаймоӣ, сафи худро аз ошӯбгарон ҷудо ва тавтеаи душманонро хунсо карданд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки уфули империализми ҷаҳонӣ ба саркардагии Амрико рӯз ба рӯз мушоҳида мешавад, афзуд, ҳикмат, дироят, оянданигарӣ, қотеъият, фидокорӣ ва ҷавонмардии Раҳбари муаззами инқилоб душманонро дар иҷрои тавтеаи шумашон ноком гузошт.

Иҷрои тарҳи ислоҳи қимати сӯхт (бензин) дар Эрон аз 15 ноябр эътирози мусоламатомези мардумро дар Теҳрон ва бархе шаҳрҳои дигари Эрон ба ҳамроҳ дошт. Аммо иддае ошӯбгари омӯзишдида бо ҳузур дар байни мардуми муътариз дар Эрон, ба амволи умумӣ ва шахсӣ ва ҳатто бонкҳо, уржонс, ёрии таъҷилӣ ва ҳамл ва нақли умумӣ осеб ворид карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ 17 ноябр дар дарси хориҷи фиқҳ дар бораи масоили пешомада пас аз иҷрои тарҳи мудирияти масрафи сӯхт гуфтанд, яқинан бархе мардум аз ин тасмим нигарон ва нороҳат мешаванд. Аммо тахриб ва оташ задан кори мардум нест, кори бадхоҳон (ашрор) аст.