Ноябр 29, 2019 18:41 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Арманистон бар густариши ҳамкории фарҳангии дуҷониба

Вазири гардишгарӣ, саноеи дастӣ ва мероси фарҳангии Эрон ва муовини вазири гардишгарӣ, улум, фарҳанг ва варзиши Арманистон аоз густариши ҳамкории фарҳангии дуҷониба истиқбол карданд.

Алӣ Асғари Мунисон, вазири гардишгарӣ, саноеи дастӣ ва мероси фарҳангии Эрон дар дидори хонум Норин Качатурян, муовини вазири гардишгарӣ, улум, фарҳанг ва варзиши Арманистон дар ҳошияи иҷлоси тамаддунҳои куҳан дар Пекин гуфт, робитаи бисёр хуб ва дӯстонаи Теҳрон ва Ереван, заминаи тавсеа ва тақвияти равобити фарҳангӣ ва гардишгарӣ байни ду кишварро фароҳам кардааст.

Мунисон калисоҳои таърихиро аз ҷозибаҳои Эрон барои гардишгарони арманӣ муаррифӣ кард ва афзуд, бо таваҷҷуҳ ба иштирокоти фарҳангӣ ва ҳамчунин ҳусни ҳамсояагии ду кишвар, равобити фарҳангӣ ва гардишгарии Теҳрон ва Ереван метавонад беш аз вазъияти феълӣ афзоиш ёбад.

Хонум Норин Качатурян, муовини вазири гардишгарӣ, улум, фарҳанг ва варзиши Арманистон ҳам хоҳони баргузории намоишгоҳи муштараки фарши Эрон ва Арманистон дар Ереван шуд ва гуфт, ин намоишгоҳ фурсати муносибе барои Эрон аст, ки таърихи фаршро ба намоишгоҳ бигузорад, зеро танҳо тамаддунҳои бузурге монанди Эрон метавонанд улгуи ҷаҳонии фарш бошанд.

Севумин иҷлоси вазирони гардишгарии кишварҳои узви маҷмаи тамаддунҳои куҳан бо ҳузури Чин, Эрон, Ҳинд, Ироқ, Миср, Арманистон, Италия, Боливия, Перу ва Юнон дар Пекин баргузор шуд.