Ноябр 30, 2019 17:42 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Русия бо доимӣ кардани тааҳудоти барҷомии Эрон

Бо таваҷҷуҳ ба талошҳои аъзои ғарбии БАРҶОМ дар ростои хостаи номашруи Амрико мабнӣ бар доимӣ кардани тааҳудоти барҷомии Эрон, Русия бо мухолифати ошкор бо ин хоста эълом кард, ки доимӣ кардани маҳдудиятҳо дар БАРҶОМ алайҳи Эрон имконпазир нест.

Михаил Олиянов намояндаи Русия дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена дар бораи доимӣ шудани бандҳои заволнопазири БАРҶОМ барои Эрон гуфт, аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмиллал, бандҳои заволпазир дар БАРҶОМ дар ҳукми тасмими довталабонаи Эрон барои маҳдудсозии мувақати баъзе аз ҳуқуқи машруи худаш зайли НПТ аст.

Манзур аз бандҳои заволпазир дар БАРҶОМ,ки бо номи бандҳои ғуруби офтоб ҳам шинохта мешавад бандҳое дар тавофуқи ҳастаӣ аст, ки маҳдудиятҳои таърифшудаи зайли онҳо барои фаолиятҳои ҳастаии Эрон баъд аз давраҳои замонии мушаххас мунқазӣ мешаванд. Амрико ва бархе аз мунтақидони тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ мунқазӣ шудани бархе аз маҳдудиятҳои Эрон дар солҳои ояндаро ҷузви айбҳои ин тавофуқ медонанд ва хостори доимӣ кардани онҳо ҳастанд.

Саид Аббоси Ироқчӣ муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар мавриди вуҷуди бандҳои ғуруби офтоб дар БАРҶОМ гуфт, воқеият ин аст, ки асли БАРҶОМ яъне тааҳуди Эрон ба адами тавлиди таслиҳоти атомӣ амре доимӣ аст ва Эрон мутааҳид шудааст, ки ба ин сӯ ҳаракат накунад. Вай гуфт далели эъмоли бархе маҳдудиятҳо алайҳи барномаи ҳастаии Эрон барои давраҳои 10, 15 ва дар бархе маворид 20 ва 25 сола, эътимодсозӣ будааст ва шумо наметавонед аз ҳеҷ кишваре интизор дошта бошед, ки то абад дар ҳоли эътимодсозӣ бошад.

Ҷумҳурии исломии Эрон 8 майи 2019 дар солгарди хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БАРҶОМ ва пас аз исботи беамалии аврупоиҳо дар иҷрои тааҳудоти худ барои ҷуброни табаоти иқтисодии хуруҷи Амрико аз он, бахше аз тааҳудоти худ зайли БАРҶОМ-ро ба ҳолати таълиқ даровард ва акнун беш аз як моҳ аст, ки гоми чаҳорумро дар коҳиши тааҳудоти барҷомии худ оғоз кардааст, иқдомоти Теҳрон хашми аъзои аврупоии БАРҶОМ яъне Британия, Фаронса ва Олмонро барангехтааст ба тавре, ки мақомоти Фаронса, Эронро таҳдид ба истифода аз меканизми моша ва бозгардондани таҳримҳо алайҳи Эрон кардаанд. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои аврупоии узви БАРҶОМ мутааҳид ба таъмини манофеи Эрон ба вижа созу кори вижаи молӣ мавсум ба ИНСЕТКС шуда буданд. Агар чи онҳо ИНСЕТКС-ро тарроҳӣ ва ваъдаи истифода аз онро доданд, аммо ба далели фишорҳои Вашингтон дар амал, ин ваъда амалӣ нашуд.

Акнун низ дар як иқдоми таблиғӣ 6 кишвари аврупоии нав эълом кардаанд ба ИНСЕТКС  мепайванданд. Белгия, Денмарк,Шветсия, Финляндия, Норвегия ва Нидерландия дар баёнияи муштараке бар аҳамияти ҳифз ва иҷрои комили тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ таъкид ва эълом карданд, ки дар фароянди пайвастан ба ИНСЕТКС ҳастанд. Онҳо аз Эрон хостанд, ки бидуни аз даст додани вақт ба пойбандии комил ба мафоди БАРҶОМ бозгардад. Ин дархост дар ҳоле матраҳ шуда, ки то кунун ҳеҷ иқдоме амалӣ барои ҳифзи БАРҶОМ ва анҷоми тааҳудоти барҷомӣ аз сӯи аъзои ғарбии гуруҳи 4+1 ба вижа роҳандозии ИНСЕТКС  сурат нагирифтааст.

Ба назар мерасад БАРҶОМ ба нуқтаи ҳассосе расидааст. Эрон бо поёни сабри стратегии худаш, чаҳорумин гоми коҳиши тааҳудоти барҷомии худро бардоштааст ва мақомоти Теҳрон эълом кардаанд дар сурате, ки иқдоми амале аз сӯи аъзои боқимонда дар БАРҶОМ набинанд илзоме ба пойбандӣ ба он нахоҳанд дошт, ин дар ҳолест, ки Амрико, ки худ аз БАРҶОМ хориҷ шуда ва аъзои аврупоии гуруҳи 4+1 на танҳо амалан иқдоме барои анҷоми тааҳудоти худ анҷом надодаанд, балки дар тавақуе ғайримантиқӣ хоҳони пойбандии Эрон ба тааҳудоти барҷомиаш ва ҳатто доимӣ кардани ин тааҳудот ҳастанд.

Михаил Олиянов дар ин бора гуфт, илова бар ин ки Амрико аз БАРҶОМ хориҷ шуда ҳамаи кишварҳоро низ аз он чи, ки Эрон бояд дарёфт кунад манъ мекунад ва аз Теҳрон мехоҳад ҳамаи мафоди БАРҶОМ-ро иҷро кунад ин руйкарде комилан зиду нақиз аст.

Барчасп