Октябр 04, 2024 16:36 Asia/Dushanbe
  • Русия ба Тоҷикистон китобҳои дарсӣ ҳадя кард
    Русия ба Тоҷикистон китобҳои дарсӣ ҳадя кард

Русия ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон 300 ҳазор китоби дарсии забони русӣ тақдим кард.

Ба гузориши “Спутник”, бунёди “Таърихи ман” дар Русия аз тарафи вазорати маорифи ин кишвар ҳудуди 300 ҳазор китоби дарсии забони русӣ ҳадя кард.

Бунёди мазкур ахиран дар шаҳри Душанбе аз сӯи Вазорати маорифи Русия тақрибан 300 ҳазор китобро, аз ҷумла китоби дарсии забони русӣ ва забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ барои пояҳои аввал то ёздаҳум, ки бахше аз он дар Тоҷикистон чоп шудааст, ба Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳадя кардааст, намояндагони ин бунёд афзуд: Дар оянда низ бо ҳадафи тавсеаи забони русӣ дар ин кишвар, теъдоде дигар аз китобҳои дарсии забони русӣ ба Тоҷикистон эҳдо хоҳанд кард.

 

Барчасп