Декабр 01, 2019 19:51 Asia/Dushanbe
  • Ардакониён: Эрон шарике мутмаин барои АвруОсиё аст

Вазири нерӯи Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ба иллати қарор гирифтан дар масири иртиботӣ байни кишварҳои Халиҷи Форс метавонад шарике мутмаин ва муносиб барои АвруОсиё бошад.

Ба гузориши ИРНА, Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон рӯзи якшанбе дар ҳамоиши тиҷорат бо АвруОсиё афзуд: Эрон ва АвруОсиё баъд аз чандин соли музокира дар аввалҳои имсол, муваффақ ба имзои қарордоди муваққати тиҷорати озод шуданд ва талош мекунанд баъд аз се соли иҷрои озмоишӣ, ин қарордодро ниҳоӣ кунанд.

Ардакониён ҳамгироии иқтисодӣ, баавижа бо кишварҳои ҳамсояро ҷузви авлавиятҳои сиёсати хориҷии Эрон донист ва гуфт: Иттиҳодияи АвруОсиё намунаи хубе аз ҳамкории минтақавӣ ва сиёсати минтақагароӣ дар даҳаи ахир будааст.

Вазири нерӯи Эрон тасреҳ кард: Эрон ба унвони яке аз кишварҳои муҳими Ховари Миёна ва дорои мазияти ҳамсоягӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз, метавонад манофеи ин даста аз кишварҳоеро пайванд дода ва худ низ аз он баҳраманд шавад.

 

Барчасп