Баргузории нишасти БарҶом дар Чин
(last modified Sun, 01 Dec 2019 15:43:20 GMT )
Декабр 01, 2019 20:43 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти БарҶом дар Чин

Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе ба даъвати ҳамтои чинии худ, вориди Пекин шуд.

Ироқчӣ дар бораи аҳдофи ин сафар гуфт, аз ибтидои музокироти БарҶом, ба таври мустамар нишастҳои машваратӣ байни Эрон, Чин ва Русия баргузор шуда ва ин сафар ҳам дар идомаи ин машваратҳост.

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни инки ба далели адами анҷоми тааҳҳудоти кишварҳои боқимонда дар БарҶом баъд аз хуруҷи Амрико аз ин тавофуқ, БарҶом вазъияти муносибе надорад, тасреҳ кард, Эрон аз манофее, ки бояд дар қиболи БарҶом мунтафаъ шавад, бархӯрдор нест. Дар бора ин мавзӯъ дар нишасти машваратии Эрон ва Чин дар мавриди БарҶом, ки имрӯз якшанбе дар Пекин баргузор мешавад, мақомҳои ду кишвар гуфтугӯ ва табодул назар мекунанд.

Ин нишасти машваратӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки қарор аст, ҷумъаи оянда Комиссияи муштараки БарҶом дар сатҳи муовинони вазир, тибқи барномаи аз пеш таъин шуда баргузор шавад.

Wang Yi, вазири умури хориҷаи Чин пештар дар бораи ҳуқуқи Эрон дар БарҶом гуфтааст, ҳуқуқи машрӯи Эрон дар БарҶом ва манофеи иқтисодии ношӣ аз он бояд таъмин шавад.

Бо гузашти як сол аз хуруҷи Амрико аз БарҶом, эҳёи таҳримҳои ҳастаӣ ва муҳаққақ нашудани ваъдаҳои Аврупо, Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар баёнияе дар моҳи май ба тарафҳои тавофуқ ҳушдор дод дар сурате, ки зарфи 60 рӯз ба тааҳҳудоти худ дар заминаҳои нафтӣ ва бонкӣ амал накунанд, Эрон тибқи мафоди БарҶом, аз тааҳҳудоти худ зайли ин тавофуқ хоҳад кост.

Ҷумҳурии Исломии Эрон токунун дар чаҳор гом аз тааҳҳудоти БарҶом-ии худ шомили убур аз сақфи 300 килограм захоири урани ғанишуда 3.67 дарсад, адами фурӯши оби сангин ва мозоди урани ғанишуда, афзоиши сатҳ ғанисозии ба 4.5 дарсад ва бардоштани маҳдудиятҳо рӯи фаъолиятҳои таҳқиқ ва тавсеа коста аст.Гоми чаҳоруми коҳиши тааҳҳудоти БарҶом-ии Эрон аз моҳи ноябр бо газдиҳӣ ба сентрифугаҳои насбшуда дар таъсисоти Фурду ва ғанисозии 4.5 дарсадӣ дар ин таъсисот оғоз шуд.

Агарчӣ машварат дар хусуси БарҶом аз мавзуоти аслии сафари муовини вазири умури хориҷаи Эрон ба Пекин маҳсуб мешавад, бо ин ҳол бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Эрон ва Чин дар ҳамаи арсаҳо равобити рӯ ба густариши доранд, мавзӯоти дигаре низ дар дастури музокироти мақомҳои ду кишвар қарор дорад.

Эрон ва Чин ба унвони ду кишвар муҳим ва таъсиргузор дар низоми байналмилал, далоил ва аҳдофи муштараке барои густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталиф доранд. Ба ҳамин иллат дар ин сафар илова бар машварат дар хусуси БарҶом, равобити дуҷониба ва минтақаӣ низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Чорчӯби калони ин равобит дар сафари Си Ҷин Пин, раисиҷумҳури Чин ба Эрон пас аз иҷроӣ шудани БарҶом, бо тадвини як санади роҳбурдии 25 сола байни ду кишвар мушаххас гардид.

Камоли Харрозӣ, раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷӣ дар бораи сатҳи муносиботи ду кишвар мегӯяд, зарфиятҳои бузурге байни ду кишвар вуҷуд дорад, ки ҳанӯз аз онҳо ба таври комил истифода нашудааст. Лизо лозим аст, Чин ва Эрон сатҳи ҳамкориҳои худро дар қолаби баёнияи муштараки мушорикати ҷомеи роҳбурдӣ, ки дар соли 2016 дар Теҳрон ба таъйди раисони ҷумҳури ду кишвар расид, афзоиш диҳанд.

Аз ҷанбаҳои амниятӣ низ Теҳрон ва Пекин ҳамкориҳои роҳбурдиро мутаносиб бо таҳаввулоти минтақа тавсеа додаанд. Дар ин росто Чин ба унвони як узви доими Шӯрои амният, барои нақши Эрон дар минтақаи Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз дар ҳифзи субот ва амнияти энержӣ аҳаммияти вижае қоил аст.

Ин шохисҳо нишон медиҳанд, ки Эрон ва Чин дар равобити худ аҳдофи муштараке дар ҳавзаҳои мухталиф доранд. Аз ин дидгоҳ, музокироти муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар Пекинро мебоист дар чорчуби равобити ҷомеи роҳбурдии ду кишвар арзёбӣ кард.