Декабр 02, 2019 18:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури сафорати Эрон дар 12-умин бозорчаи хайрияи дипломатии Қазоқистон

Сафорати Эрон дар 12-умин бозорчаи хайрияи дипломатии Қазоқистон, ки имрӯз оғоз бакор кард, ҳузур ёфтааст.

Ин бозорча субҳи имрӯз(10 озармоҳ) дар Нур-Султон, пойтахти ҷумҳурии Қазоқистон оғоз ба кор кардааст.

Ба гузориши ИКНА, дар ин бозорча 53 намояндагии дипломатӣ ва ҳамчунин чандин маркази фарҳангии байналмилалии муқим дар Қазоқистон ҳузур ёфтаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳамчун солҳои гузашта, ҳузури чашмгире дар ин бозорча дорад ва ғурфаи Эрон яке аз ғурфаҳои фаъол дар ин бозорча аст, ки мавриди истиқболи густурдаи ширкаткунандагон қарор гирифтааст.

Даромади ҳосил аз ин бозорча, барои кумак ба беморони хосс, ниёзмандон ва қишрҳои камдаромад сарф хоҳад шуд.

Ин бозорча ҳар сол қабл аз оғози соли нави милодӣ ва ба ибтикори Анҷумани ҳамсарони сафирони муқим дар ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мешавад.

 

Барчасп