Декабр 02, 2019 21:21 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Зариф аз ҳар ибтикоре барои коҳиши таниш дар минтақа

Дар дидори вазири хориҷаи Уммон, Зариф гуфт, аз ҳар ибтикоре барои коҳиши таниш дар минтақа истиқбол мекунем.

Вазири умури хориҷа бо таъкид бар лузуми коҳиш танишҳо дар минтақа бавижа дар Яман афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар ҳаракат ва ибтикоре, ки бо ҳусни ният дар ростои коҳиши танишҳо дар минтақа анҷом шавад, истиқбол ва ба он кумак хоҳад кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф имрӯз (душанбе) дар дидори Юсуф ибни Алавӣ, вазири хориҷаи Уммон бо ишора ба нақши хуб ва созандаи кишвари ҳамсояи Уммон, равобити ду кишварро ҷомеъ ва бисёр хуб тавсиф кард ва аз густариш ва таъмиқи ҳарчӣ бештари ин равобит дар ҳамаи заминаҳо истиқбол кард.

Зариф бо таъкид бар лузуми коҳиш танишҳо дар минтақа бавижа дар Яман афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар ҳаракат ва ибтикоре, ки бо ҳусни ният дар ростои коҳиши танишҳо дар минтақа анҷом шавад, истиқбол ва ба он кумак хоҳад кард. Зариф иродаи Эрон барои гуфтугӯ бо ҳамаи кишварҳои минтақаро ҷиддӣ хонд ва афзуд, пӯиши сулҳи Ҳурмуз дар ҳамин росто ироа шуд. Ибни Алавӣ, баргузории як конфронси ҷомеъ бо ҳузури ҳамаи кишварҳои зинфъ муфид аст.

Юсуф ибни Алавӣ, вазири умури хориҷаи Уммон низ дар ин дидор шароит минтақаиро ниёзманди гуфтугӯ ва тафоҳуми ҳари чӣ бештар донист ва афзуд, дар ин замина баргузории як конфронси ҷомеъ ва фарогир бо ҳузури ҳамаи кишварҳои зинфъ метавонад муфид бошад. Дар ин дидор дар хусуси масъалаҳои густурдае аз мавзӯоти дуҷониба, масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ ва табодули назар шуд. Ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фанноварӣ миёни ду кишвар дар сутӯҳи дуҷониба ва чандҷониба аз ҷумлаи мавзӯоти мавриди гуфтугӯ буд.