Декабр 03, 2019 11:21 Asia/Dushanbe
  • Ибрози умедвории Эрон ба тавсеаи равобит бо Аврупо

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба худоҳофизии намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар сиёсати хориҷӣ ва умури амниятӣ аз ин иттиҳодия ва интихоби ҷонишини вай дар паёме изҳори умедворӣ кард, шоҳиди тавсеаи равобити Эрон бо Аврупо бошем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросн, саид Аббоси Мусавӣ сухангӯ ва раиси Маркази депломасии умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон душанбешаб дар Твитти худ навишт, зимни қадрдонӣ аз мавзеъҳои маъқул ва мутаодили хонум Федерика Могеринӣ дар таомул бо Эрон ва табрики интисоби ҷаноби оқои Ҷозеп Борл умедворем шоҳиди тавсеаи равобитамон бо Иттиҳодияи Аврупо ва таҳкими чандҷонибагароӣ ва ҳокимияти қонун дар арсаи байналмиллалӣ бошем.

Ҷозеп Борл вазири умури хориҷаи пешини Спания аз рӯзи якшанбе аввали декабр ба таври расмӣ сукони сиёсати хориҷии  Иттиҳодия Аврупоро ба даст гирифт.

Мақоми масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ки ба сурати расмӣ намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар сиёсати хориҷӣ ва умури амниятӣ хонда мешавда аз соли 2014 ба муддати панҷ сол дар ихтиёри Федерика Могеринӣ вазири умури хориҷаи пешини Италия буд.

Могеринӣ шанбешаб дар паёме твиттерӣ навишт, ки пас аз панҷ соли сахт давраи хидмати ман ба поён расид. Вай гуфт, аз ҳамаи касоне, ки дар табдили Иттиҳодияи Аврупо ба шарике қобили иттико, сутуни чандҷонибагароӣ ва мудофеи сарсахти ҳуқуқи башар ҳамкорӣ карданд, ташаккур мекунам.