Рӯҳонӣ: Эрон ба муқовимат дар баробари таҳримкунандагон идома медиҳад
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин, ки душман дар ду соли гузашта шадидтарин таҳримҳоро алайҳи мардуми Эрон эъмол кардааст гуфт: Эрон ба муқовимат ва истодагӣ дар баробари таҳримкунандагон идома медиҳад.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чоршанбе дар ҳамоише дар Теҳрон, бо ишора ба ин, ки Арабистон ва режими саҳюнистӣ авомили аслии нуфуз бар Амрико барои хурӯҷ аз БАРҶОМ ва ташдиди фишорҳо алайҳи Эрон буданд, таъкид кард: Миллати Эрон барои истиқлол ва иззати кишварашон то пои ҷон дар баробари душман истодагӣ мекунанд.
Рӯҳонӣ бо баён ин, ки Эрон роҳи музокиротро набастааст, афзуд:
Агар Амрико таҳримҳои ғалат, золимона, ғайриқонунӣ, нодуруст ва террористии худро бардорад, билофосила сарони 5+1 метавонанд мулоқот кунанд ва Эрон низ ҳеҷ мушкиле надорад.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба ин, ки коҳиши тааҳҳудоти ҳастаии Эрон дар чорчӯби БАРҶОМ аст таъкид кард: Эрон ҳеҷ гоҳ нақзкунандаи БАРҶОМ набудааст.