Декабр 05, 2019 20:08 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши ҳамкориҳои Эрон ва Русия дар нишасти Дума

Саидризо Омулӣ, дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Эрон ва Вячеслав Алексеевич Никонов, раиси Комиссияи улум ва омӯзиши Думаи Русия бар густариши рӯзафзуни ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои илмӣ ва омӯзишӣ таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин дидор, ки Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар Федератсияи Русия низ ҳузур дошт, таомулоти фарҳангӣ ва омӯзишӣ байни ду кишвар бавижа нақши парлумонҳо дар тавсеа ва иртиқои ин ҳамкориҳо ба ҳавзаҳои стратегӣ, мавриди гуфтугӯ ва таъкиди тарафайн қарор гирифт. Гуфтанист,  дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ дирӯз низ бо Андрей Фурсенко, дастёри вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури илм ва омӯзиш дидор кард.

Дар ин дидор бар густаришм рӯзафзунм ҳамкориҳо дар абъодм омӯзишӣ, донишгоҳӣ ва истифода аз таҷрибиёти ду тараф таъкид шуд.

Фурсенко низ дар ин дидор зимни тамҷид аз бори омӯзишӣ ва сатҳи илмии донишгоҳҳои Эрон изҳор дошт, умедворам дар ин нишаст бар рӯи нуқоти муштарак ва тафовутҳои худ гуфтугӯ кунем, то ба дарки муштарак барои густариши ҳамкориҳои худ бирасем.

Вай бо ташреҳи иқдомоти суратгирифта дар Федератсияи Русия барои иртиқои сатҳи донишгоҳҳои русӣ изҳор дошт, мо агарчӣ интиқодҳое аз наҳваи рутбабандии донишгоҳҳои ҷаҳон ва ҷойгоҳи донишгоҳҳои Русия дар ин замина дорем, аммо дар айни ҳол талош мекунем то аз факторҳои матраҳ шуда дар рутбабандиҳои ҷаҳонӣ барои шиносоии нуқоти заъфи худ истифода кунем, то битавонем беҳтар худро иртиқо диҳем.

Дастёри вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури илм ва омӯзиш дар идомаи ин дидор ба ташреҳи иқдомоти сурат гирифта дар Русия барои тавсеа донишгоҳҳо дар нуқоти мухталифи ин кишвар пардохт.

 

Барчасп