Декабр 07, 2019 14:58 Asia/Dushanbe
  • Боздиди сафири Эрон дар Қирғизистон аз маркази тавонбахшии кӯдакон

Намояндагони сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Қирғизистон ба муносибати рӯзи байналмилалии маълулон аз маркази тавонбахшии кӯдакони мубтало ба фалаҷи мағзӣ бо унвони "Ҳама ба саломат" боздид карданд.

Ба нақл аз Форс, ҳамчунин дар чорчӯби ин боздид аз тарафи сафорати Эрон ба маркази тавонбахшии кӯдакон ҳадяҳое эъто шуд.

Мудирони маркази тавнбахшии Қирғизистон зимни ташаккур аз кӯмак ва ҳузури Алӣ Муҷтабо Рӯзбеҳонӣ, сафири Эрон дар ин кишвар, охирин вазъияти ин марказро бозгӯ кард.

Ба гуфтаи мудири ин марказ, бо дарёфти кӯмакҳои башардӯстона, ин кӯдакон барои муолиҷа ба кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Эрон эъзом мешаванд.

 

Барчасп