Декабр 11, 2019 22:06 Asia/Dushanbe
  • Шикояти ҷавонони ҷаҳон аз ҷиноёти Амрико ва оли Сауд дар Яман

Дабири кулли Созмони ҷавонони ҳуқуқи башари Эрон аз шикояти ҷавонони ҷаҳон аз ҷиноёти Амрико ва оли Сауд дар Яман ба ниҳодҳои байналмилалӣ хабар дод.

Амини Ансорӣ, дабири кулли Созмони ҷавонони ҳуқуқи башари Эрон бо ишора ба рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар (даҳуми декабр) гуфт, додхости ҷомеъ ва комил бо ҳамроҳии гурӯҳе аз шаҳрвандони яманӣ ва бо имзои ҷавонони ҷаҳон зидди ҷиноятҳои Амрико ва оли Сауд танзим шудааст, ки ба зудӣ ба Созмони Милали Муттаҳид ва Девони Байналмилалии Додгустарӣ дар Гаага ироа хоҳад шуд.

Ансорӣ бо баёни ин ки ҷавонони озодаи ҷаҳон аз ин иқдом истиқбол кардаанд, афзуд, ҷиноёти Амрико ва оли Сауд дар Яман, мушобеҳи ҷиноёти саҳюнистҳо дар Фаластин аст. Дабири кулли Созмони ҷавонони ҳуқуқи башари Эрон бо ишора ба ин ки буҳрони Яман ҷароҳати бузурге бар пайкараи уммати Ислом аст, изҳор дошт, ҷаҳон бояд ба таври сареҳ аз мардуми Яман ҳимоят ва мутаҷовизонро танбеҳ кунад. Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст. Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.