Таҳвили дувумин маҳмулаи ураниум бо ғанои пойин ба Қазоқистон
Дувумин маҳмулаи ураниум бо ғанои пойин барои захирасози дар Бонки байналмилалии энержии ҳастаӣ, воқеъ дар минтақаи Уст Каменогорски Қазоқистон интиқол ёфт.
Шабакаи телевизионии “АвруОсиё”-и Қазоқистон дар гузорише аз таҳвили дувумин маҳмулаи ураниум бо ғанои пойин барои захирасозӣ дар бонки Ожонси байналмилалии энержии ҳастаии ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши “Форс”, мутахассисон муътақиданд, ин ураниум бо ғанои пойин пасмонди радиоактив нест ва таҳдиде барои мардум надорад ва намояндагони Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ бар риояти тамоми илзомоти эминӣ назорат мекунанд.
Дар маҷмуъ, дар бонки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, воқеъ дар Қазоқистон 90 тон ҳегзофториди ураниум захира мешавад, ки барои тавлиди сӯхти реактори стандарти оби сабук дар нерӯгоҳҳои ҳастаӣ пешбинӣ шудааст.
Аввалин маҳмулаи ураниум бо ғанои пойин тавассути ширкати муштараки қазоқии “НАК Казатомпром” ва “Орано Сикл” –и Фаронса ба Қазоқистон интиқол ёфта буд.
Тавофуқномаи эҷоди бонки нигаҳдории ураниум бо ғанои пойин дар минтақаи Уст Каменогорски Қазоқистон дар августи соли 2015 мелодӣ миёни ин кишвар ва Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ ба имзо расид ва дар январи соли 2017 мелодӣ иҷро шуд.